Туркия содироти равғани зайтунро манъ кард

Туркия содироти равғани зайтунро то 1-уми ноябри соли ҷорӣ манъ кард. Ин тасмими Ҳукумати Туркия бинобар болоравии нархҳо ва хушксолӣ дар Аврупо гирифта шудааст.

«Вазорат тасмим гирифт, ки барои содироти равғани зайтун дар шиша ва бочкаҳо то оғози ҳосили навбатӣ — 1-уми ноябри соли 2023 чораҳои иловагӣ ҷорӣ намояд»,- гуфта шудааст дар изҳороти Вазорати савдои Туркия.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки истеҳсоли равғани зайтун дар ҷаҳон аз сабаби хушксолӣ дар Италия ва Испания 20% коҳиш ёфтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *