Ҳукми додгоҳи Швейсария оиди мошинҳои қиматбаҳои Гулнора Каримова
Бар асоси ҳукми додгоҳи Швейсария фурӯши се мошини қиматбаҳои Гулнора Каримова, духтари калони Ислом Каримов, президенти пешини Ӯзбекистон, ки қаблан дар ин кишвар мусодира шуда буд, манъ шудааст.
Бар асоси ҳукми додгоҳи Швейсария фурӯши се мошини қиматбаҳои Гулнора Каримова, духтари калони Ислом Каримов, президенти пешини Ӯзбекистон, ки қаблан дар ин кишвар мусодира шуда буд, манъ шудааст.
Феълан Гулнора Каримова дар маҳбаси занонаи Зангиотаи Ӯзбекистон нигаҳдорӣ мешавад.
Тибқи хабари нашрияи швейсариягии Le Temps, мошинҳои тамғаи Mercedes-Benz SLR2DR, Bentley Arnage ва Range Rover Sport V8 ба миқдори 1 миллион франк ё ки ҳудуди 1 миллион доллари амрикоӣ баҳогузорӣ шуда буд.
Ҳамакнун ин се мошини гаронбаҳо дар виллаи Гулнора Каримова дар Швейсария, ки дар соли 2009 ба маблағи 18 миллион франк ё ҳудуди 18 миллион доллар харидорӣ шуда буд, нигаҳдорӣ мешавад.
18 декабри соли 2017 додгоҳи вилояти Тошканди Ӯзбекистон Гулнора Каримоваро бо иттиҳоми фасод (коррупсия) ва ҷиноятҳои вазнини иқтисодӣ ба муддати 10 соли зиндон ҳукм карда, аммо баъдтар ин ҳукм то 5 сол кам шуд.
Вале дар 5 марти соли 2019 додгоҳи ноҳияи Яшнободи ин кишвар “барои риоя накардани тартиби адои ҷазои ҳабси хонагӣ” Гулнора Каримоваро ба маҳбаси занонаи тартиботи умумӣ гузаронд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ