Заминларза дар марзи Тоҷикистону Чин
Субҳи имрӯз, 29 апрел дар ноҳияи худмухтори Синҷон-Уйғури Чин, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, заминларза рух дод.
Субҳи имрӯз, 29 апрел дар ноҳияи худмухтори Синҷон-Уйғури Чин, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, заминларза рух дод.
Бино ба маълумоти Хадамоти зилзиласанҷии шаҳри Ҳонконги Чин, заминларза бо иқтидори 5,2 дараҷа соати 8.23 дақиқаи вақти маҳаллӣ (соати 5.23-и вақти Душанбе) ба амал омадааст.
Тибқи иттилои ин манбаъ маркази зилзила дар 190 километрии ғарби шаҳри Кошғари ноҳияи худмухтори Синҷон-Уйғури Чин воқеъ гаштааст.
Дар мавриди талафоти ҷонӣ ва хисороти иқтисодӣ дар пайи ин заминларза маълумоте пахш нашудааст.
Шарҳ