Умедҷон Давлатов дар Украина кушта шуд. Ӯ ҳамагӣ 23 сол дошт

Ӯ ҳамагӣ 23 сол дошт. Ва ҳанӯз аз баҳори гулафшонаш бӯеро нашамида буд. Ӯ умед  аз зиндагӣ дошт. Аз умри ҷавону аз китфу бозӯи ҷавонияш.

Дареғо марг имрӯз ӯро аз аҳли хешу табору пайвандонаш ба якбор рабуд. Вуҷуди нозуки модару падарро доғи  ҷигарбандашон хазонзада кард. Аз ин пас чун баҳор фаро расад онҳоро ёду хумори ҷигарбадашон мегирад…

Дирӯз дар шаҳри Челябинск маросими видоъ бо сарбози 23-солаи артиши Русия Умедҷон Давлатов баргузор шуд. Умедҷон фарзанди оилаи муҳоҷирони тоҷик буда, дар Челябинск дида ба ҷаҳон кушода буд ва дар ҳаминҷо ба воя расид. Дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Метталургии шаҳри Челябинск ба сомонаи маҳаллии 74.ru тасдиқ кардаанд, ки Умедҷон Давлатов дар ҷанги Украина кушта шуд.

 Айни ҳол бародари калонии ӯ низ дар “амалиёти махсус” дар Украина иштирок дорад. Ҷанозаи Умедҷонро дар қабристони мусалмонӣ дар деҳаи Казантсево дар канори Челябинск ба хок супурданд, менигорад BOMDOD.COM

Аз аввали даргириҳои берабту низоми ҷанг дар Украина дар бораи кушта шудани қариб 10 тан аз зодагони Тоҷикистон ва фарзандони муҳоҷирони тоҷик хабарҳо паҳн шудаанд. Аксари онҳо сарбозони қарордодӣ буданд ва дар саффи артиши Русия хидмат мекарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *