Умедвории Ятимов ва Ташиев дар бораи қатъи муноқиша дар марз (аудио)

Кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи қатъи муноқишаи марзиро ба имзо расониданд.

Дар ин бора  маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Гуфта мешавад, ки 25 сентябр раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев дар нуқтаи гузаргоҳи сарҳадии «Кизил-Бел» гуфтушунид анҷом дода, дар хусуси қатъ намудани низоъ дар сарҳади ду кишвар протокол ба имзо расониданд.

«Ду ҷониб изҳори умедворӣ намуданд, ки бандҳои созишномаи имзошуда мавриди иҷрои амалӣ қарор мегиранд ва дар сарҳади ду давлат суботу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмии комил барқарор мегардад», -иттилоъ дод манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *