Ҷавонони Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд (аудио)

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гуруҳи «I» мақоми аввалро ишғол карда, ба марҳилаи ниҳоӣ, ки аз 1 то 18-уми марти соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳ ёфт.

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, се бозӣ анҷом дод. Футболбозони ҷавон дар даври аввал бо дастаи Сингапур мусовӣ (0:0) бозӣ карда, дар даври дуюм бар Лубнон бо ҳисоби 4:0 ва дар даври ниҳоӣ бар ҳамсолони худ аз Камбоҷа бо ҳисоби 2:1 пирўз шуданд.

Қабл аз оғози бозии даври сеюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гуруҳи «I» миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Камбоҷа, бозигарони ҳарду даста дар ҳалқаи марказӣ саф ороста, ба хотири гиромидошти руҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҷараёни муноқишаҳои марзӣ бо Қирғизистон ба ҳалокат расиданд, лаҳзае сукут карданд.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон бо 7 имтиёз дар ҷойи аввали гуруҳи “I” мавқеъ ва ба марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 20-сола роҳхат гирифт. Дастаи мунтахаби ҷавонони Лубнон бо 6 имтиёз ҷойи дуюм, Сингапур бо 2 хол ҷойи сеюм ва Камбоҷа бо 1 хол ҷойи чорумро гирифтанд.

Тибқи низомномаи чемпионат ба марҳилаи ниҳоӣ ғолибони 10 гуруҳи марҳилаи интихобӣ, инчунин 5 дастаи ҷойи дуюми гуруҳҳо, ки натиҷаи беҳтар доранд, роҳхат мегиранд. То ҳоло Ӯзбекистон ба ҳайси мизбон, Арабистони Саудӣ (гуруҳи “А”), Қатар (гуруҳи “В”), Ҷопон (гуруҳи “С”), Урдун (гуруҳи “D”), Кореяи Ҷанубӣ (гуруҳи “Е”), Индонезия (“F”), Уммон (гуруҳи “G”), Тоҷикистон (гуруҳи “I”), Эрон (гуруҳи “J”) ва 4 дастаи ҷойи дуюми гуруҳҳо бо натиҷаи беҳтар — Ветнам, Қирғизистон, Чин, Сурия ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Номи як дастаи дигар пас аз анҷоми мусобиқаи интихобӣ дар гуруҳи “Н”, ки 14-18-уми октябр доир мегардад, муайян хоҳад шуд.

Ҷавонони Тоҷикистон маротибаи панҷум аст, ки ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё роҳхат мегиранд. Қаблан солҳои 2006, 2008, 2016 ва 2018 дар Ҷоми Осиё ширкат карда буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *