Усмонов муовини аввали сармуҳаррири «Садои мардум» шуд
Маҳмудҷон Усмонов, журналист ва ҳамзамон устоди факултети журналистикаи ДМТ муовини аввали рӯзномаи «Садои мардум» таъин гардид. Ӯ дар ин вазифа Неъматулло Солеҳовро иваз кард, ки номбурда ба синни нафақа расида буд.
Гуфтан мумкин аст, ки Маҳмудҷон Усмонов то имрӯз ба ҳайси хабарнигор дар рӯзномаи «Садои мардум» фаъолият дошт.
Маҳмудҷон Усмонов дар матбуоти мо бештар ҳикояҳои тафреҳӣ ва шарҳҳои сиёсӣ менависад.
Эшонро барои дар ин вазифаи хеле пурмасъулияти рӯзнома интихоб шуданаш муборакбод мегӯем ва дар фаъолияти минбаъдааш ба ӯ муваффақият ва пешравӣ орзумандем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ