Усмонӣ -мудири шӯъбаи ҳукумати Суғд аз олам гузашт

Усмонӣ Ином Султонзод – мудири шӯъбаи умумии дастгоҳи раиси вилояти Суғд дар синни 62 аз олам чашм пӯшид. Дар бораи иллати марги ин мансабдори баландпоя чизе гуфта нашудааст.

Усмонӣ Ином Султонзод 9 сентябри соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соли 1980 Донишгоҳи давлатии ба номи Н.Г.Чернышевский шаҳри Саратовро бо ихтисоси филолог, устоди забон ва адабиёти рус хатм кардааст. Ӯ солҳои зиёде дар макотиби вилояти Суғд аз забон ва адабиёти рус дарс гуфта, беш аз 20 сол собиқаи кор дар сохторҳои давлатиро дошт. Ином Усмонӣ аз моҳи августи соли 2015 дар мақоми мудири шуъбаи кадрҳо ва дар ин авохир дар мақоми мудири шуъбаи умумии дастгоҳи раиси вилояти Суғд ифои вазифа мекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *