Усмонзода ҳам мехоҳад президент шавад
Ҳизби демократи Тоҷикистон номзадии Саидҷаъфар Усмонзода, раиси он ва вакили парлумонро ба мақоми президенти Тоҷикистон пешниҳод кард.
Номзадии Усмонзодаро вакилони анҷумани Ҳизби демократ рӯзи 23-юми август дар Душанбе пешниҳод карданд. Дар баробари ӯ номи Муҳаммадҷони Авлиё, намояндаи Ҳизби демократ аз Кӯлоб ва Таваралӣ Зиёев, муовини аввали раиси ҳизб низ пешниҳод шуда буд, аммо Муҳаммадҷони Авлиё номзадии худро пас гирифт.
Саидҷаъфар Усмонзода дар интихоботи президентии соли 2013 низ ҳамчун номзад иштирок карда, овози кам гирифта буд. Вале дар интихоботҳои парлумонии соли 2015 ва 2020 ҳамчун вакил вориди Маҷлиси Намояндагон шудааст.
Ӯ бори дуюм номзадии худро дар ин маърака мегузорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ