Лукашенко бо автомат ба идорааш омад

Президенти Беларус Александр Лукашенко, бо автомати Калашников мусаллаҳ шуда, бо чархбол ба ҷои кораш омад. Пас аз фуруд омадан , маълум шуд,ки ӯ зиреҳ (бронижилет) дар бар дораду автомат дар даст. Ин видеоро TUT.BY нашр кардааст.

Қаблан, видеое бо чархбол дар болои қароргоҳи президент пайдо шуда буд ва мухолифин мутмаин буданд, ки Александр Лукашенкоро дар он савор карда, аз қароргоҳ бароварданд.

Дирӯз дар Минск, дар қисматҳои мухталифи шаҳр чандин ҳазор нафар тазоҳуроти эътирозӣ баргузор намуданд. Бегоҳӣ, мардум ба самти қароргоҳи президент Лукашенко рафтанд, аммо милитсия бо таҷҳизоти махсус садди роҳи онҳо шуд.

Тавре хабаргузории ТАСС иттилоъ додааст, эътирозгарон ба занҷираи нерӯҳои амниятӣ наздик нашуданд. Онҳо якчанд метр дуртар истода, фарёд мезаданд: «Бирав!»

Дар ин вақт, чархбол бо президент дар болои эътирозгарон парвоз мекард.Пас аз муддате, қисми асосии тазоҳургарон ба маркази шаҳр баргаштанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *