Ва аҷабо! Ҷиғилдони бетаг 5 автомашинаро фурӯ бурд!
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани ҳолати дигари фиребкорӣ дар зимни харидуфурӯши мошин хабар додааст
Мақомоти корҳои дохилӣ мегӯянд, ба идораи милиса дар ноҳияи Шоҳмансур як шахси мошинфурӯше муроҷиат карда, иброз доштааст, ки ҳадафи фиребкоре қарор гирифтааст.
ВКД муроҷиаткунандаро марди 32-сола, сокини шаҳри Душанбе муаррифӣ карда, афзуд, ки ҳолати фиребкорӣ ҳанӯз як соли қабл рух додааст.
Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки моҳи августи соли 2020, марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои фурӯш 5 адад автомашинаҳои тамғаи “Опел-Астра”-ро ба маблағи 540 ҳазор сомонӣ нарх гузошта, нася гирифтааст.
Ба иттилои ВКД, марди муттаҳам мошинҳои тариқи нася гирифтаашро фурӯхта, маблағро то ҳол барнагардондааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот оғоз шуда, таҳқиқ идома дорад.
Назари худи муттаҳам ва ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия оварда нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ