Ван И: Чину Тоҷикистон бо се нерӯи хатарзо якҷо мубориза мебаранд
Чину Тоҷикистон дар минтақа алайҳи терроризм ва ифротгароӣ якҷо мубориза хоҳанд бурд. Ин нуктаро вазири корҳои хориҷии Чин Ван И дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии «Осиёи Марказӣ-Чин» дар шаҳри Ченгду иброз дошт.
«Мо якҷоя бо «се нерӯ» (терроризм, ифротгароӣ ва сепаратизм) мубориза мебарем. Аз паҳншавии ақидаҳои ифротгароӣ пешгирӣ мекунем ва якҷо дар минтақа монеаи мустаҳками амниятӣ эҷод хоҳем кард», — гуфт вазири корҳои хориҷии Чин Ван И дар ҷаласаи бисёрҷониба бо вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дар шаҳри Ченгду.
Вазири корҳои хориҷии Чин ба зарурати амиқтар кардани равобити Чину Тоҷикистон дар заминаи инфрасохтор ва иртиботот ишора карда, ба аҳамияти “истифодаи зарфиятҳои ҳамлу нақли фаромарзӣ ва таҳқиқи имконоти густариши ҳамкориҳои сеҷониба” таъкид кард.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки Чин ва Тоҷикистон бояд ҳамкориҳоро дар бахшҳои омӯзишӣ, гардишгарӣ ва равобити байнишахсӣ тақвият диҳанд.
Ван И аз аҳамияти афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар низ ёдовар шуд. Ба гуфтаи ӯ, Чин омода аст аз Тоҷикистон бештар маҳсулоти кишоварзӣ ва ғизоӣ ворид кунад.
Дар баробари ин зарур аст, ки ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва қувваҳои нави истеҳсолӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки энергетикӣ мусоидат намояд.
Тавре Ванг И гуфт, Пекин аз талошҳои Душанбе барои ҳифзи пиряхҳо низ пуштибонӣ менамояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ