Варзишгарони тоҷик 14 август аз Париж бармегарданд

14 август, соати 08:00 ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастоварди олимпӣ тариқи хатсайри Париж — Тошканд — Душанбе ба Ватан бармегардад.

Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Кумита ҳаводорону дӯстдорони варзиши тоҷикро даъват менамояд, ки бо руҳияи баланди тоҷикона ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ дар назди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳозир шаванд.

Ёдовар мешавем, ки 26 июл дар шаҳри Парижи Фаронса Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ-2024 расман оғоз гардиданд, ки то 11 август идома меёбанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 14 варзишгар аз рӯйи 6 намуди варзиш, аз ҷумла ҷудо, бокс, таэквондо, гӯштини тарзи озод, шиноварӣ ва варзиши сабук муаррифӣ доранд. Дар бозиҳо аз рӯйи 32 намуди варзиш 10 500 варзишгар аз 206 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд. Варзишгарон барои 329 маҷмуи медалҳо бо ҳам мубориза мебаранд.

Ҳоло дастаи олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 се медали биринҷӣ дорад. Ду медалро дар риштаи ҷудо Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг ва Темур Раҳимов дар вазни + 100 кг ба даст оварда, медали сеюмро муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар вазни то 92 кг соҳиб гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *