Варзишгарони тоҷик ба Париж рафтанд

Аз 26 июл то 11 августи соли равон дар шаҳри Париж мусобиқаи бонуфузи “Бозиҳои тобистонаи олимпӣ -2024” баргузор мегардад.

Гурӯҳи варзишгарони тоҷик барои ширкат дар ин сабқати баландпояи варзишӣ ба шаҳри Париж рафтанд. Тоҷикистонро дар “Бозиҳои тобистонаи олимпӣ-2024” дар маҷмуъ 14 нафар варзишгарон намояндагӣ мекунанд. Варзишгарони тоҷик ҳунару маҳорати варзишии худро дар дзюдо, бокс, таэквон-до, муҳорибаи озод, атлетикаи сабук нишон медиҳанд.

Айни замон зиёда аз 9000 варзишгарон аз кишварҳои гуногуни олам дар шаҳри Париж ҷамъ шудаанд.

Маросими расмии кушодашавии “Бозиҳои тобистонаи олимпӣ-2024” рӯзи 26-июл баргузор гашта, иштирокчиёни мусобиқа бо қаиқҳо дар дарёи машҳури Сена шино мекунанд.

Иштирокчиёни олимпиада манзараҳои зебои шаҳри Париж ва ёдгориҳои таърихии Фаронсаро тамошо хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *