Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Юнон мулоқот карданд
Дар шаҳри Лодзи Лаҳистон дар ҳошияи иҷлосияи 29-уми Шӯрои вазирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Юнон Никос Дендиас вохӯрӣ намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон мавриди табодули назар қарор гирифтаанд.
— Ҷонибҳо инчунин ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг, инчунин дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули назар карданд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ