Аҳмад Масъуд дар Душанбе. Аз хатари Толибон то таъсиси ҳукумати фарогир

Роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд рӯзи 30-юми ноябр дар 10-умин ҳамоиши байналмилалии “Гуфтугуҳои амниятии Ҳирот” зери унвони «Низоми сиёсии фарогир дар Афғонистон: усулҳо, моделҳо ва рақамҳо» иштирок ва суханронӣ кард.  

Суолҳои бепосух

Аслан, 10-умин ҳамоиши байналмилалии “Гуфтугуҳои амниятии Ҳирот” 29-уми ноябр дар шаҳри Душанбе оғоз ёфта, имрӯз ҳам идома кард. Аҳмад Масъуд дар рӯзи дувуми ҳамоиш ширкат кард. Ӯ дар охири кори конфронс дар иҳотаи нигаҳбонон ва масъулини баргузории ҳамоиш вориди толор шуд. Чанд дақиқа аз минбар суханронӣ кард ва ба чанд суоли коршиносон посух гуфт. Дар фарҷоми кори ҳамоиш зуд толорро тарк намуд ва бо журналистон мулоқот накард. Маълум нест, ки Аҳмад Масъуд кай вориди Тоҷикистон шудааст. Ӯ қаблан ин ҷо буд ё ба тозагӣ омад? Бо роҳбарони кишвари мо мулоқоту вохӯрӣ дошт ё на, ин ҳам барои мо рӯшан нест. Барномаи сафари ӯ ба Душанбе аз чӣ иборат хоҳад буд, номаълум аст.

Толиб қобили эътимод нест!

Зимни баромади мухтасари худ Аҳмад Масъуд оид ба вазъи кунунии Афғонистон ва роҳи ҳалли мушкили ин давлат суханронӣ намуда, таъкид кард, ки “имрӯз Афғонистон макони омӯзиш ва сарбозгирӣ барои террористони минтақавӣ ва байналмилалӣ ва як зиндони калон барои мардуми мусалмон ва мазлуми Афғонистон шудааст”.

Ӯ гуфт, ки “Толибон” бар хилофи омӯзаҳои исломӣ ва байналмилалӣ амал карда, равишҳои мазлумонатару ифротиро рӯйи даст гирифтаанд”.

Аҳмад Масъуд зимни суханрониаш барои наҷоти Афғонистону раҳоияш аз буҳрон иҷмои дохилӣ, минтақавӣ ва ҷаҳониро зарур хонд, то як механизми мушаххасу интихоботи саросарӣ фароҳам шавад. “Бигузор мардум худаш интихоб кунад, ки чӣ қудрату низомро мехоҳад”,- изҳор дошт Аҳмад Масъуд.

Вай афзуд, ки агар толибҳо аз масири интихобот ба қудрат расанд, қабул хоҳад карду ҳеҷ баҳсе дар миён нахоҳад буд, чун машрӯияти мардумӣ хоҳанд дошт.

Ба гуфтаи ӯ, толибҳо ба ваъдаҳои қаблан додаашон вафо накарда, аз роҳи зулму истибдод кор гирифтанд, аммо низомҳои истибдодӣ дер давом нахоҳанд кард.

“Ҷиноятҳои зидди башарӣ, наслкушӣ ва ноамнӣ ва набудани қонун дар Афғонистон ба таври бесобиқа зиёд шуд, ки ҳамаи ин таҳдидҳои ҷиддӣ барои мардуми кишвар, минтақа ва ҷаҳон аст”,- афзуд роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ.

Дар поёни суханронии хеш Аҳмад Масъуд бори дигар ба бунёди ҳукумати ҳамашумул, ки бо иродаи мардуми Афғонистон сохта шуда бошад, таъкид намуд ва гуфт: “Мо боварманд ба музокира, арзишҳо, боварҳо ва усулҳо ҳастем”.

Дар посух ба суоле оид ба ҷойгоҳи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ Аҳмад Масъуд чунин посух дод: “Дар тӯли якуним соле, ки муқовимат арзи ҳастӣ намуд, ба дастовардҳои чашмрасе ноил гашт. Талошҳои мо натиҷа дод, ки ҷомеаи ҷаҳон Толибонро ба расмият нашиносанд. Дигар дастоварди мо таъсиси Иттиҳоди умумӣ дар муқобили толибон аст. Мо ҷомеаи ҷаҳонро бовар кунонидем, ки Толиб қобили эътимод нест, Толиб хатарнок аст”.

Ҳукумати ҳамашумул

Тавре ишора рафт, 29-уми ноябр дар Душанбе 10-умин ҳамоиши байналмилалии “Гуфтугуҳои амниятии Ҳирот” оғоз гардид, ки дар он сиёсатмадорону чеҳраҳои шинохтаи Афғонистон, мақомдорону коршиносон аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақаю ҷаҳон иштирок ва суханронӣ намуданд. Намояндаи Толибон ба ин ҳамоиш даъват шуда буд, аммо дар он иштирок накард.

Ҳадафи аслии ҳамоиши мазкур таҳлили вазъи кунунӣ ва пайдо намудани роҳи ҳалли мушкилоти имрӯза дар Афғонистон буд.

Қосимшоҳ Искандаров, раиси Маркази мутолиоти Афғонистон, ки конфронсро ифтитоҳ намудааст, гуфт: “Ташкили чунин ҳамоиш метавонад роҳеро барои гуфтугуҳо атрофи ҳалли қазияи ҳамсояи Тоҷикистон боз кунад”.

Фарҳод Салим, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бошад, мавқеи Тоҷикистонро дар робита ба вазъи имрӯзаи Афғонистон баён дошта, таъкид намуд, ки равандҳои дар Афғонистон ҷараёндошта ба суботи кишварҳои минтақа бетаъсир нахоҳанд буд. “Мо нақзи ҳуқуқи миллатҳои гуногун ва занонро дар Афғонистон шадидан маҳкум мекунем”,- гуфт ӯ.

Рангин Додфар Сипанто, раиси ҳайати машваратии Институти мутолеоти стратегии Афғонистон ва собиқ вазири корҳои хориҷии ин кишвар аз ташкили ҳукумати фарогир ҷонибдорӣ намуда, иброз дошт, ки ин роҳҳали асосӣ дар овардани субот дар Афғонистон ҳисобида мешавад.

Сипанто гуфт, ки “ҳукумат”-и таъсисдодаи Толибон ин воқеиятро қабул надоранд ва ҳоло худро пирӯзи майдон меҳисобанд ва ба ҳеҷ гуна нишастҳо ҳузур пайдо намекунанд.

Таъсиси ҳукумати ҳамашумул ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ дар идораи умури Афғонистон хулосаи суҳбати иштирокчиёни ҳамоиш буд.

О. СОҲИБЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *