Вазнатон сабук аст?

Ба маслиҳати мо таваҷҷуҳ кунед!

Лоғарӣ  дар айни замон ба муд даромада бошад ҳам, вале аксари одамон аз он азият мекашанд. Чунки бо лоғар будани бадан узвҳои организм суст шуда, дар аксари ҳол масунияти бадан паст мегардад ва ҳамаи ин боиси сар задани бемориҳои сироятӣ ва шадид мешавад. Чизи дигарро ёдовар шудан ба маврид аст, ки бонувон  ба хотири зебогии ботинӣ худро чунин вонамуд месозанд, ки он низ барои узвҳои дохилӣ зарбаи сахт мебошад. Масалан, якбора кам шудани вазн ба бемориҳои гуногуни гурда оварда мерасонад, ки яке аз он беҷошавии гурда мебошад. Барои бартараф кардани ин бемориҳо, пеш аз ҳама, бояд вазнро мутобиқи меъёри муқарраргардида намоем. Аз ин рӯ, чанд маслиҳатро аз табибони халқӣ баҳратон пешниҳод менамоем.

Маслиҳати гиёҳӣ

Дар як зарф обро ҷӯшонеду 100 грамм сирро дар он пазонед. Баъд он маҳлулро  ширгарм намуда,  300 грамм мағзи кӯфтаи чормағзу 50 грамм тухми кӯфтаи шибитро омехта карда, болои ҳамаи онҳо як килограмм асали тозаро илова намуда, хуб омехта созед. Аз ин маводи доругии омодашудаатон  ҳар рӯз ду соат баъди хӯрок ду қошуқӣ истеъмол кунед. Ин амал баданатонро бақувват ва вазнатонро зиёд мегардонад.

Шираи пиёз ва асалро баробар, яъне як истакон ё пиёла  гирифта, омехта намоед. Баъд як лимуро бо пӯсташ аз  гӯштқимакунак гузаронида, ба он ҳамроҳ намоед. Ҳамаи ин омехташудаҳоро дар яхдон нигоҳ доред. Аз давои омодашуда рӯзе се маротиба як қошуқчагӣ истеъмол намоед. Ин ҳам барои ванзи баданатон ва ҳам барои бемориҳои сироятӣ хеле муфид мебошад. Оби лиму ё афлесунро бо як дона зардии тухми мурғ омехта карда, дар он як қошуқча асал илова намоед ва ин маводро ҳар субҳ пеш аз наҳорӣ истеъмол кунед.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *