Толеъномаи рӯзи 6 декабр

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Дар ҷойи кор вазъият душвор гашта аз таҳти дил заҳмат кашиданатон лозим меояд. Корҳои фаврии оилавиро фаромӯш карда, қаҳру ғазаби ҳамсаратонро зиёд менамоед. Таваккал кардану бисёр сарф намудани пулро тавсия намедиҳем. Ҳангоми суҳбат бо сардор дағалӣ накунед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ин рӯз аз рӯйи нақша амал карданро тавсия медиҳем. Агар ташаббусро ба даст гиред, ҳамсафари ҳаётии худро пайдо месозед. Ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳо боэҳтиёт бошед, вале аз ҳад зиёд хурдагирӣ накунед. Бегоҳирӯзӣ дар ҷустуҷӯи туҳфа барои яке аз наздиконатон саргардон мешавед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Агар худатон чизеро тағйир додан нахоҳед, рӯзи ором аст. Нисбати сардор ҳурмату эҳтиромро ба ҷо биёред, вале бо баъзе ҳамкорон ҷиддӣ рафтор намоед. Дар маъракае хизмат карданатон лозим меояд. Дӯсти наздикатонро ба кӯмак даъват карда метавонед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Агар дар ин рӯз ба шитобкорӣ роҳ диҳед, ба бурдборӣ умед набандед. Дар оила бо сабаби бетартибии фарзандони наврас муноқиша рух медиҳад. Ин рӯз барои аз ташхиси тиббӣ гузаштану машварати табибон ва ҷарроҳиҳо рӯзи мусоид аст.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Аз воқеаҳои дар ҷои кор рухдода бори дигар хулоса мебароред, ки дар интихоби касбу кор ғалат накардаед. Аз амалҳои хатарнок худдорӣ намоед, вагарна вазъи молиявиатон ҳазор маротиба бадтар мегардад. Дар ҷодаи муҳаббат комёб мегардед, нафареро вомехӯред, ки бароятон идеал мегардад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Аз субҳи содиқ бо корҳои хона машғул шуда, дигар корҳоятонро фаромӯш насозед. Ақаллан ба зангҳои телефонӣ ҷавоб гуфта, масъалаҳои муҳимро ҳал намоед. Бегоҳирӯзӣ ба хабаргирии хеши беморатон меравед, аз ин лиҳоз мулоқотро ба таъхир гузоред.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Аз корҳое, ки боиси ҷангу моҷаро гашта метавонанд, худдорӣ намоед, вагарна мавқеатон дар ҷомеа суст гашта, саломатиро низ аз даст медиҳед. Ҳангоми кор бо асбобҳои техникии рӯзгор ва таҷҳизоти барқӣ боэҳтиёт бошед. Таъмири мошин маблағи зиёдатонро сарф мекунад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Донишу малакаи худро дар ин рӯз зиёд намоед. Ба ғайбату бадгӯиҳо диққат надиҳеду нисбати шахси бароятон азиз шубҳа накунед. Вазъи молиявиатон муътадил шуда, барои ба даст овардани чизҳои даркорӣ маблағатон кифоя мекунад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Аз субҳ қавс асабиву дар ғазаб шуда, ҳатто нисбати аҳли оила садо баланд мекунад. Бо вуҷуди нохуб будани табъатон ба сайругашт бароед. Дар ҳаёти шахсӣ сари ягон қарори муҳим наоед. Нисбати ёратон софдилона амал намоед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз рафтори номардонаи яке аз дӯстонатон табъатонро хира месозад, аз ин лиҳоз ба онҳо бовар накунед. Тағйиротҳои ногаҳонии тақдирсоз имкон доранд. Ба баҳсу мунозира ва ибрози ақида роҳ надиҳед. Нимаи дуюми рӯз хатари ҷароҳат бардоштану рух додани ҳодисаи нохуш зиёд аст. Хоби дар ин шаб дидаатон баъди чор рӯз амалӣ мегардад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар робита бо ҷинси муқобил бояд дилпурона амал намоед. Вагарна ҳаёти шахсии худро сохта наметавонед. Агар дӯстдори машрубот бошед, андозаро нигоҳ доред. Имкони заҳролудшавӣ ва бемориҳои меъда вуҷуд дорад.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Аз нафаре, ки дергоҳ ҷудо шудан мехостед, маҳз дар ҳамин рӯз ҷудо мешавед. Модоме сари чунин қарор омада бошед, ӯро фаромӯш кунеду дар дил кина нагиред. Бо корҳое, ки муваффақият оварданаш ба гумон аст, машғул нашавед. Беҳтараш бо одамони кордон маслиҳат карда амал намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *