Мирзиёев 88% овоз гирифта президент шуд

Шавкат Мирзиёеви 59-сола президенти нави Узбекистон эълон шуд. Мирзоулуғбек Абдусаломов, раиси Комиссияи  марказии интихоботи Узбекистон, як соат қабл  гуфт, ки ба тарафдорӣ аз Мирзиёев беш аз 88 дарсад раъй додаанд.

Интихоботи президентии Узбекистон баъди се моҳи даргузашти Ислом Каримов, президенти  пешини ин кишвар баргузор ва барои дарёфти курсии холимондаи ӯ чор нафар рақобат карданд.

Дар баробари Шавкат Мирзиёев, инчунин Ҳотамҷон Кетмонов, Сарвар Отамурдов ва Наримон Умаров номзад буданд. Кумисюни марказии интихоботи Узбакистон гуфт, ки Кетмонов 3,73, Умаров 3,46 ва Отамуродов 2,35 дар сад овоз гирифтанд.

Шавкат Мирзиёев, президенти нави Узбекистон,  24 июли соли 1957 дар вилояти Ҷиззах дар хонаводаи табиб таваллуд шуда, дорои маълумоти олӣ ва номзади илмҳои техникист. Фаъолияташро соли 1981 дар Донишкадаи муҳандисии хоҷагии қишлоқ шуруъ кардааст.Соли 1990 вакили Шӯрои олии Узбекистон интихоб шуда, аз соли 2003 сарвазир ва аз моҳи сентябри имсол иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбекистон буд. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд ва панҷ набера аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *