Вокуниш: Ваҷҳҳои овардаи шаҳрванд тасдиқи худро наёфтанд

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиати маҳкумшуда Эгамова Зарина Ҳодихоновна, сокини шаҳри Панҷакент, шаҳраки Суғдиёнро унвонии Прокурори генералӣ ва раиси Суди Олӣ оид ба норозӣ буданаш аз ҳукми Суди шаҳри Панҷакент аз 24-уми феврали соли 2023 нисбаташ бо моддаҳои 110 қисми 2 банди “к” ва 237 қисми 3, банди а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9-уми августи соли 2023 дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” (№32 (1543)) ва 10-уми августи соли 2023 дар сомонаи нашрияи “Тоҷикистон” — Pressa.tj таҳти унвони “Туҳмати гӯшношунид. Аз зарбаи телефон исқоти ҳамл имкон дорад?” нашр ва паҳн гардид, бо омӯзиши парвандаи ҷиноятӣ баррасӣ намуд.

Муайян карда шуд, ки гуноҳи Эгамова З. Ҳ. дар содир намудани ҷинояти ба ӯ айб эълоншуда бо далелҳои боэътимод дар рафти тафтишоти пешакӣ ва судӣ пурра исбот карда шуда, суд дараҷаи ба ҷамъият хавфнокии ҷиноятҳои содиршуда, шахсияти судшаванда ва ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазоро, ки судшаванда ба гуноҳаш иқрор ва аз кирдори содиркардааш самимона пушаймон буда, аз ҷабрдида бахшиш пурсидааст, инчунин дигар ҳолатҳоро ба инобат гирифта, нисбати ӯ аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 солу 6 моҳ бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низомаш умумӣ ҷазои сазовор таъин намудааст. Баъдан, бо таъиноти Суди шаҳри Панҷакент аз 13-уми марти соли 2023 дар асоси моддаи 390 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои ҳукми мазкур нисбати Эгамова З. Ҳ. то ба синни ҳаштсолагӣ расидани фарзанди ноболиғаш мавқуф гузошта шудааст.

Аз ҷониби маҳкумшуда Эгамова З. Ҳ. ва ё намояндаи ӯ аз рӯи ҳукм ва таъиноти суди марҳилаи якум шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратӣ оварда нашудааст. Ин санадҳои судӣ қонунӣ буда, барои овардани эътироз низ ҷиҳати бекор ё тағйир додани онҳо асос мавҷуд нест.

Вобаста ба ваҷҳи Эгамова З. Ҳ. оид ба нагирифтани ҷавоби хаттӣ ба муроҷиатҳои қаблиаш унвонии Прокуратураи генералӣ ва Прокуратураи шаҳри Панҷакент муайян карда шуд, ки номбурда вобаста ба тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбаташ 31-уми январи соли 2023 ба Прокуратураи шаҳри Панҷакент муроҷиат карда, он аз рӯи тобеият ба ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ирсол карда шудааст. Аз натиҷаи баррасии ин муроҷиаташ ба номбурда сари вақт хабар дода шудааст.

Инчунин, 4-уми феврали соли 2023 Эгамова З. Ҳ. ба Прокуратураи генералӣ оид ба норозӣ буданаш аз рафти тафтишоти пешакӣ муроҷиат намудааст, ки он барои баррасӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд ва баъдан барои дар якҷоягӣ бо парвандаи ҷиноятӣ баррасӣ намудан тавассути Прокуратураи шаҳри Панҷакент ба ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ирсол карда шуда, аз натиҷаи баррасии ин муроҷиаташ низ ба номбурда дар муҳлати муқаррарнамудаи қонун хабар дода шудааст.

Ҳамин тариқ, ваҷҳҳои дар муроҷиаташ овардаи шаҳрванд Эгамова З. Ҳ. тасдиқи худро наёфта, дар ин хусус ба муаллиф хаттӣ хабар дода шуд.

Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *