Вомбаргҳои Тоҷикистон дар чаҳор шаҳри бузурги дунё
Евробондҳо (вомбарг ё коғази қиматнок)-и давлатии Тоҷикистон аз 31-уми август дар чаҳор шаҳри бузурги дунё – Ню Йорк, Бостон, Сюрих ва Лондон – ба маърази сармоядорон ва харидорони эҳтимолӣ гузошта хоҳад шуд. Тоҷикистон барои ҷалби сармоя ба сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун ба миқдори 500 миллион доллар вомбаргҳои давлатиро нашр кард, ки мӯҳлати гардишашон 10 аст. “Роуд-шоу” ё муаррифии вомбаргҳои Тоҷикистон ба сармоягузоронро ду бонки ҷаҳонӣ Citi-и Амрико ва Raiffeisen Bank International ташкил мекунанд.
Роуд-шоу як маъракаи муҳими қабл аз ба биржа баромадани вомбаргҳои давлатӣ аст ва ин маърака аз 31-уми август то 6-уми сентябр идома мекунад.
Пас аз маъракаи муаррифӣ ба харидорони эҳтимолӣ, биржаи аслии фурӯши вомбаргҳои Тоҷикистон – биржаи Люксембург – хоҳад буд. Бар асоси маълумотномаи ибтидоии ин вомбаргҳо ва ё пропектерс ҳуқуқи харидорони ин вомбаргҳо бар асоси қонунгузории аёлати Ню-Йорки Амрико танзим хоҳад шуд.
Давлати Тоҷикистон барои сармоягузории муҳимтарин тарҳаш – нерӯгоҳи Роғун тасмим гирифт 1 миллиард доллар коғазҳои қимматнок ва ё вомбаргҳои давлатӣ нашр кунад. Дар даври нахустин 500 миллион доллари ин вомбаргҳо ба бозорҳои ҷаҳонӣ ба фурӯш гузошта мешавад. Порлумони Тоҷикистон рӯзи 21-уми июл ба нашри ин коғазҳои қимматнок раъйи мусбат дод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ