Эгам-Командир боздошт шуд

Капитан Эгам Эгамов, корманди комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара, ки бо лақаби «Командир” машҳур аст, бо гумони гирифтани пора дастгир шудааст. Агентии мубориза бо коррупсия мегӯяд, Эгам-Командир аз як нафар барои аз хидмати ҳарбӣ озод карданаш 1800 доллар гирифтааст.

Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 30 август хабар дод, ки парвандаи ёрдамчии калони сардори зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Комиссаритаи ҳарбии шаҳри Исфара капитан Эгамов Эгам Худойбердиевичбо тасдиқи фикри айбдорӣ ба додгоҳ ирсол шудааст. Эгам Эгамов, ки бо лақаби «Эгам-Командир”маъруф аст, бар асоси қисми сеюми моддаи 247-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба қаллобӣ ба маблағи калон бо сӯиистифода аз мансаб айбдор мешавад.

Агентии мубориза бо коррупсия гуфт, парвандаи «Эгам-Командир” бар асоси шикояти шаҳрванд «А” буд, ки ба раёсати ин Агентӣ дар вилояти Суғд расман шикоят навишта, хабар додааст, ки капитан Эгамов «бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз ӯ барои аз хидмати ҳарбӣ озод намуданаш маблағи 1800 доллари ИМА талаб намуда истодааст.

Дар натиҷа ин ёрдамчии калони сардори зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Комиссаритаи ҳарбии шаҳри Исфара дар назди бинои комиссариати Исфара замоне дастгир шуд, ки аз дасти шаҳрванд «А” 1800 долларро гирифт. Агентии мубориза бо коррупсия мегӯяд, «маблағи зикргардида аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

Тоҷикистон дар гузоришҳои байналмилалӣ дар радифи кишварҳои аз ҳама фасодзадаи дунё ном бурда мешавад. Созмони Транспаренси Интенешнл дар гузориши имсолааш мавқеи Тоҷикистонро аз нигоҳи олудагӣ ба фасод якбора 15 зина пойин бурда, дар байни 176 кишвар дар мавқеи 151-уми ҷой дод.

Мақомоти Тоҷикистон коррупсияро як мониаи бузург дар роҳи рушди иқтисод ва ҳатто як таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти миллӣ ба қалам медиҳанд. Дар соли 2007 дар Тоҷикистон барои мубориза муассиртар бо коррупсия ҳатто Агентии алоҳидаи мубориза бо коррупсия таъсис дода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *