Шаурмафурӯшони тоҷик ба зиндон рафтанд

Додгоҳи ноҳияи Бежитскийи шаҳри Брянски Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон – М.Орипови 29-сола ва М.Восиеви 25-соларо бо ҷурми фурӯши шаурмаи вайроншуда якунимсолӣ ҳукми зиндон дод. Шарики сеюми онҳо бо номи Мукаилов дар ҳоли фирор қарор доштааст.

Додгоҳи ноҳияи Бежитскийи шаҳри Брянски Русия шаҳрвандони Тоҷикистон М.Орипов ва М.Восиевро дар тавлид ва фурӯши маҳсулоте, ки ба меъёрҳои бехатарии ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандагон ҷавобгӯ нест, гунаҳкор шинохт ва бар асоси қисми дуюми моддаи 238-уми Кодекси ҷиноятии Русия ҳардуро якунимсолӣ ҳукми зиндон дод. Орипов ва Восиев, ки ҳанӯз моҳи январ дастгир шуданд, ин ҳукмро дар зиндони низомаш умумӣ адо хоҳанд кард.

Додситонии вилояти Брянск гуфт, ҳукми ин ду шаурмафурӯши тоҷик ҳанӯз ба ҳукми иҷро надаромадааст ва ҳарду ҳақ доранд, аз ин ҳукм ба додгоҳи болотар шикоят баранд.

Парвандаи шарики сеюми онҳо бо номи Мукаилов, бино ба гузориши додситонии Брянск, ба таври алоҳида муҳокима хоҳад шуд, чунки Мукаилов дар ҳоли фирор қарор дорад.

Додгоҳ гуфт, ин се нафар дар павилони хурди «Вкус Востока” дар кӯчаи Институтскаяи ноҳияи Бежитскийи шаҳри Брянск ба пухтану фурӯхтани шаурма машғул буданд. Онҳо рӯзҳои 15-16 январи соли равон шаурмаеро ба фурӯш гузоштаанд, ки сифати маҳсулоташ ҷавобгӯи меъёрҳои бехатарии ҳаёт ва саломатӣ набуд. Дар натиҷа 7 сокини Брянск дар пайи истеъмоли шаурма заҳролуд шуда, дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Ба гуфтаи мақомоти беҳдоштии Брянск, гӯште ки дар павилони «Вкус Востока” аз он шаурма мепухтанд, вируси салмонеллёз доштааст.

Худи Орипов ва Восиев дар додгоҳ аз заҳролуд шудани мардум изҳори таассуф карда, гуфтаанд, вайрон будани гӯштро намедонистанд. Онҳо гуфтаанд, ки гӯштро ба таври қонунӣ аз амбори як ширкати гӯштфурӯшӣ харида буданд ва масъулияти сифати гӯшт ба ӯҳдаи онҳост.

Вале додгоҳ шаурмафурӯшони тоҷикро гунаҳкор шинохта, маҳкум ба зиндон кард. Дар бораи инки оё ширкати гӯштфурӯшӣ низ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад ё на?, чизе гуфта нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *