Солеҳа Ваҳҳоб Восил — Афғонистон- Голландия

Нозанинам  

Бинозам чеҳраи маъсуму зардат кӯдаки меҳан,

Бимирам аз барои оҳи сардат кӯдаки меҳан.

Ҳазорон чанд умрат ранҷ доду надод бар мардон,

Накарданд лаҳзае дармони дардат кӯдаки меҳан.

Зи дастат чид дасти чарх ҳар чӣ дар бисотат буд,

Саво аз иҷтимоъ сохтанд фардат кӯдаки меҳан.

Надидӣ меҳри бобову на ҳам оғӯши момонат,

Чӣ изломи фалак малзум кардат кӯдаки меҳан.

Надорӣ сарпаноҳе, не ғизое, не либоси тан,

Ба бозӣ дар кашиданд ҳамчу нардат кӯдаки меҳан.

Намебинам ба чашми хастаат ҷуз ранги нафрат з-он-к,

Зи ваҳшат ҳамчу буз бурданд ба лардат кӯдаки меҳан.

Тапидӣ ҳар тараф пойи бараҳна баҳри як ноне,

Ба тирмоҳу ба тобистону бурдат кӯдаки меҳан.

***

 Шавқ…

Ба дилам хаёли васлат чӣ қадар баҷо нишаста,

Ту худои ин шикебо, ки ба раҳ гадо нишаста.

Чӣ қиёмат аст нурат зи ҷаҳони бениёзӣ,

Ки зароти ҷони моро ҳама ҷо баҷо нишаста.

Бибарам хаёли роҳе, ки фано шавам зи васлат,

Чӣ кунам, ки дидаву дил ҳама сӯйи мо нишаста.

Ҳама имшабам муҳайёст, накунам умеди фардо,

Ки ҳумои раҳмати ту паси дарби мо нишаста.

Набарад ҳавои шоҳӣ ба ҷаҳони фонӣ восил,

Ки ҷаҳон аёну пинҳон ба қабои мо нишаста.

***

Танҳоӣ  

Ман дар ин зулмати танҳоӣ,

Дар худ печидаам дар имтидоди шаб.

Ҳуҷуми бод маро бо худ мебарад, ба сӯи бекарон,

Дар миёни ғубори шуме, ки рӯйи мҳтобро пӯшонида.

Ман метарсам, аз хурӯши бод, аз насими бепарво,

Аз садои так-таки борони рӯйи ҷодаи намноки роҳи дӯр.

Осмон қалби хунинашро дар манҷалоби тираи маҳбаси ин дунёи торик дафн карда,

Қалби ман метарсад, аз сояҳо,

Сояҳои тӯлонии канори рӯд.

Таслим ба дунёи адам,

Ман дар синаи ин сояҳо нақшеро мебинам, аз хаёлот холӣ,

Бо пайкаре ғамгину матрук.

Ман садои шикасти боронро рӯйи пиллаҳои санге мешунавам,

Мебинам, ки бесадо фарёд мекашанду мемиранд,

Мавҷи номеҳрубони бод.

***

Рӯъё

Дишаб,

ҳангоми нимашаб,

Вақте  ки осмон зи паҳнои бекарон,

Андар дили сукути пур аз зулмати сипеҳр,

Истора мефишонд.

Вақте ки бод нағмаи лолоии гунгро,

Андар фазои моту хамӯшии шаби сиёҳ,

Дар гӯши хуфтагон,

Бо нармӣ ва навозиш,

Оҳиста месуруд.

Бастам даричаро,

Рафтам ба сӯи бистари танҳо ва сарди хеш,

Лағзида, по дароз кашидам, ки то даме,

Бо ишқу бо хаёли ту,

Дар сафҳаи умед,

Умедҳои ботили фардои ҷилвагар,

Миҷгон ба ҳам гузошта ором бигирам.

Чашмам пур аз тасаввури тасвири чеҳраат,

Зеҳнам тамом қофилаи ёдҳои ту,

Андешаҳои рангин,

Аз гуфтаҳо ва қисса в-аз хандаҳои ту,

Аз шӯхиҳо ва барқи ду чашмони масти ту.

Пур карда буд ёди ту давру  бари маро,

Дар мавҷҳои баҳри хаёлоти нози ту,

Рафтам ба хоб ширин, бастам ду чашми хеш,

Дидам туро, ки омадаӣ аз тасаввурам.

صالحه وهاب واصل- افغانستان- هلند

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *