Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ӯзбекистон 84 шаҳрвандашро аз Вуҳан ба Тошканд овард

Рӯзи 5 феврал ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» 84 шаҳрванди ин кишварро аз Вуҳани Чин ба шаҳри Тошканд овард. Дар ин бора хабаргузории «Сентрал Азия» иттилоъ медиҳад.

Шаҳрвандони овардашуда дар бемористон бистарӣ ва ба карантин гирифта шудаанд.

Ҳамзамон, рӯзи 4 феврал 250 тан аз шаҳрвандони Ӯзбекистон тавассути парвози чартерӣ аз Чин ба Тошканд оварда шуданд. Мақомоти Ӯзбекистон гуфтанд, ҳамаи мусофирон дар муассисаҳои тиббӣ бистарӣ ва зери назорат ҳастанд.

Бино ба иттилои охир, шумори қурбониёни вируси нав дар Чин ба 563 тан расида, теъдоди умумии гирифтонрон аз марзи 28018 кас гузаштааст.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.