Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ӯзбекистон ба камбизоатҳо орду нон мехарад

Ҳукумати Ӯзбекистон дар соли ҷорӣ ҳамчун ҷуброни харҷи нону орд ба хонаводаҳои камбизоат $63.5 ҳазор ҷудо кардааст.

Дар хабари ҳукумати он кишвар омадааст, ки баъди бекорсозии назорати қимати нон, ҳаҷми ҷуброне ки ба хонаводаҳои камбизоат пардохт мешуд, сар аз 1 октябр аз 2,3 доллар ба 5 доллар дар моҳ боло бурда шуд.

Ба ҷуз ин, шумори касоне, ки ҳаққи дарёфти ҷубронпулиро доранд, аз 9 ба 11 гуруҳ расид. Дар маҷмуъ, 2 миллион сокини Ӯзбекистон чунин ҷубронпулӣ ё кумакпулиро дар ҳоли ҳозир дарёфт мекунанд.

Ба иттилои Бунёди нафақа, дар он кишвар пойгоҳи ягонаи дарёфткунандагони нафақа ва кумакпулиҳо мавҷуд аст, ки ба таври худ гирандагони кумакро муайян мекунад. Сокинон чунин кумакҳоро аз «Бонки халқӣ» дарёфт менамоянд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.