Аҳолии Ӯзбекистон аз 33 миллион гузашт

Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аҳолии Ӯзбекистон ба миқдори 120 ҳазор афзоиш ёфта ва 1 апрел ба 33 миллиону 375 ҳазору 800 нафар расидааст.

Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аҳолии Ӯзбекистон ба миқдори 120 ҳазор афзоиш ёфта ва 1 апрел ба 33 миллиону 375 ҳазору 800 нафар расидааст.

Дар семоҳаи якуми соли 2019 дар Ӯзбекистон 159,5 ҳазор нафар тифл ба дунё омадааст.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон, бештари аҳолӣ 50,5 дарсад дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд.

Дар ин семоҳа ба Ӯзбекистон 767 нафар барои зиндагии доимӣ ворид шудаанд, ки 26,2 дарсади онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд. Дар ин муддат 2863 нафар Ӯзбекистонро тарк кардаанд.

Аҳолии шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон 2,5 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон аз ҷиҳати суръати афзоиши аҳолӣ дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷойи аввал меистад. Афзоиши мунтазами аҳолӣ ҳоло Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои ҷавонтарини дунё табдил додааст.

Бар асоси омори расмӣ, шумораи аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна то 2,2 дарсад ё 200 ҳазор нафар афзоиш меёбад. Моҳи майи соли 2018 дар Тоҷикистон тифле таваллуд шуд, ки аҳолии кишварро ба 9 миллион нафар расонд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.