Дар садамае шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷон бохтанд

Бар асари бархурди микроавтобус бо мошини боркаш дар вилояти Оренбурги Русия ду тоҷик ва 6 ӯзбек фавтидаанд.

Бино ба маълумоти пулиси вилояти Оренбург,  рӯзи 24 ноябр, дар шаҳраки Чистийи ин вилоят микроавтобуси тамғаи “Hyundai” бо мошини боркаши тамғаи Scania бархурда ва бар асари ин садама 6 нафар, аз ҷумла, ду кӯдак ба ҳалокат расидаанд. Ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Прокуратураи вилояти Оренбург аз рӯйи ин ҳодиса бар асоси моддаи Кодекси ҷиноятии Русия “Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ва бештари афрод шудааст” парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Дар моҳи августи соли ҷорӣ низ бар асари садамаи автомобилӣ дар вилояти Рязани Русия 6 шаҳрванди тоҷик ба ҳалокат расида ва 4 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол шуда буданд.

Дар миёни фавтидагон як навраси 14-сола будааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *