Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Эътирозҳо дар Қирғизистон идома доранд, ҷои президент маълум нест

Рӯзи чоршанбе ҳазорҳо эътирозгар дар муқобили бинои ҳукумат ва майдони марказии Ала-Тоо дар Бишкек ҷамъ омада, ба ташкили ҳукумати нав аз ҳисоби сиёсатмадорони «пок» даъват карданд. Онҳо талаб намуданд, ки Тилек Токтогазиев сарвазир шавад.

Ин дар ҳолест, ки порлумон рӯзи 6-уми октябр ба ин мақом номзадии Содир Ҷапаровро пешниҳод кард. Ҷапаров дар зиндон буд. Ӯро шаби 5 ба 6-уми октябр озод карданд.
Матбуоти Қирғизистон навишт, тасмими пешбарии Ҷапаров ба мансаби нахуствазир як гурӯҳи мардумро ба хашм овард ва издиҳом ба меҳмонхонае, ки дар онҷо вакилон ҷаласа мекарданд, ҳамла намуд. Содир Ҷапаров маҷбур шуд, аз дари паси бино фирор кунад.
Шӯрои мардумии ҳамоҳангсоз, ки ба таври худхонда аз ҷониби чанд ҳизби мухолифи ҳукумат ташкил шудааст, рӯзи 7-уми октябр гуфт, ҳукумати Ҷапаровро эътироф намекунад ва раҳбарии ниҳодҳои давлатиро ба дасти худ гирифта, порлумонро пароканда мекунад.
Эътирозгарон рӯзи 7-уми октябр гуфтанд, ки онҳо аз созмонҳои ҷавонон намояндагӣ мекунанд ва талабашон ин аст, ки «сиёсатмадорони кӯҳнаи фасодзада» аз ҳукумат дар канор биистанд. «Кӯҳнаҳо бояд бираванд», — шиор медоданд эътирозгарон. Раҳбари ҳизби мухолифи «Ота Макон» Ҷанар Оқоев рӯзи 7-уми октябр гуфт,ки дар ҷаласаи шаби гузашта дар як меҳмонхона, вакилоне ҷамъ шуда буданд, ки ба президент Сооронбой Ҷеенбеков наздик ҳастанд ва ҳадафи онҳо дар қудрат нигаҳ доштани ӯст. Зимнан, макони будубоши Ҷеенбеков ду рӯз аст, ки номаълум мемонад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.