Фаврӣ: Таркиши нав дар Русия

 

Субҳи 6 апрел дар шаҳри Ростов, ки дар ҷануби Русия воқеъ аст, таркиш ба амал омад. Дар натиҷаи ин таркиш, ки се рӯз баъд аз инфиҷори Санкт-Петербург рух додааст, як нафар ба ҳалокат расид. Аммо мақомоти Русия хабар медиҳад, ки дар сурати беэътиноӣ кардани посбони макта таркиш метавонист, дар мавзеъи васеътар сурат гирад.

Бино ба гузориши шабакаи телевизионии «Лайф”, таркиш субҳи 6 апрел дар буриши кӯчаҳои Сотсиалистическая ва Нахичеванская дар назди як мактаб рух додааст. Манбаи «Лайф” гуфтааст, «посбони литсейи рақами 5 ҳангоми тафтиши ҳудуди мактаб як чизи монанд ба фонусро пайдо кардааст. Мард ин чизро бардошт, ки таркиш ба амал омад.”

Дар натиҷаи таркиш панҷаҳои дастаи ин посбон канда шуда, ӯ аз ноҳияи шикамаш низ ҷароҳат бардоштааст. Посбони мактабро дар ҳолати вазнин ба бемористон овардаанд. Тафтишоти ин ҳодиса то ҳол идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *