Кадоме зӯртар? Озарбойҷон ё Арманистон?

Оё Озарбойҷон метавонад Арманистонро дар ҷанги Қарабоғи Кӯҳӣ бо истифода аз нерӯи низомӣ мағлуб кунад? Дар назария, метавонад.

Зеро Боку назар ба Ереван шонси бештаре дорад. Артиши Озарбойҷон аз ҷиҳати шумора зиёдтар аст ва дар сафҳои он беш аз 130 ҳазор ҳарбиён хидмат мекунанд Ба муқобили онҳо ҳамагӣ 45 ҳазор нафар сарбозу афсари Арманистон меистанд. (шумораи аҳолии Озарбойҷонни хеле зиёдтар аст). Қувваҳои захиравӣ низ фарқ мекунад — 850 ҳазор озариҳо ва танҳо 200 ҳазор арманиҳо. Аз ҷиҳати шумораи силоҳ ва техникаи ҷангӣ низ Озарбойҷон аз Арманистон пешсаф аст. Танкҳо 785 (аз он 200 Т-90S)озариҳо, 320 (аксаран Т-72 ва Т-55)арманиҳо, БМП 2 800 аз оазриҳо ва 750 арманиҳо, тупҳои худгард ва кашидашаванда 774 бар зидди 238, артилерияи шилликпаррон- артиши Озарбойҷон 450 ва арманиҳо -70 –то доранд.

Озарбойҷон аз рӯи шумораи ҳавопаймоҳои ҷангӣ аз Арманистон пеш мегузарад. Аммо ин ҳам як «нуқтаи заиф» –и Боку аст. Зеро нерӯҳои ҳавоии ин кишвар иборатанд аз тайраҳои ҷангии МиГ-29 ва МиГ-25, инчунин ҳавопаймоҳои ҷангии истеҳсоли Итолиё Aeromacchi M-346 кӯҳна иборатанд. Боз ду бомбаандози Су-24 ва 16 ҳавопаймои ҳамлакунандаи Су-25 мавҷуданд. Ереван ба наздикӣ чор ҷангандаи муосири Су-30SM харид , ки онҳо то ҳол дар ҷанги воқеӣ истифода нашудаанд.

Дар системаҳои дифоъи зиддиҳавоии Арманистон бошад, бартарӣ дида мешавадАммо тавре лашкаркаши бузург суворов гуфтааст, тақдири муҳорибаро яроқу генерал не, балки сарбоз ҳал меккунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *