Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Коронавирус дар 50 кишвари дунё паҳн шудааст

Мақомоти Чин мегӯянд, шумораи онҳое, ки дар вилояти Хубейи ин кишвар ба коронавирус гирифтор шудаанд, рӯзи панҷшанбе назар ба рӯзҳои пешин даҳ баробар афзоиш ёфта, ба 15 ҳазор нафар расидааст.

Пештар, рӯзи чоршанбе Созмони ҷаҳонии тандурустӣ низ гуфта буд, ки суръати паҳншавии коронавирус афзудааст. Ба гуфтаи мақомоти Чин, танҳо дар рӯзҳои чоршанбе ва панҷшанбе 2 ҳазор ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирусро ба қайд гирифтаанд.

Дар Комиссияи миллии тандурустии Чин дар шарҳи афзоиши шумори беморон гуфтанд, шеваи ташхис тағйир дода шудааст. Аз ин ба баъд, одамонро бар асоси «ташхиси клиникӣ» — иттилои томографияи компютерӣ ва бидуни мунтазир мондан ба натиҷаи озмоишҳои дигар низ ба гуруҳи мубталоён шомил хоҳанд кард.

Дар ҳоли ҳозир шумори умуии онҳое, ки ба коронавирус гирифтор шудаанд, ҳудуди 60 ҳазор нафарро ташкил дода, беш аз 1 ҳазору 300 танашон ҷон бохтаанд. Ҳудуди 6 ҳазор одам шифо ёфтааст.

Дирӯз дар шаҳри Лондон низ нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуд. Ба иттилои Би-би-сӣ, бемор чанд рӯз пеш аз Чин ба Лондон сафар кардааст. Ин аллакай нуҳумин ҳолати гирифторӣ ба вируси мазкур дар Бритониё аст. Коронавирус аллакай дар 50 кишвар паҳн шудааст.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.