Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

НАТО ба гуфтугӯ бо Русия ниёз дорад

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг мавқееро, ки вазири корҳои хориҷии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер баён дошт, қабул накард. Сиёсатмадори олмонӣ НАТО-ро дар «ҷанггароӣ» айбдор кард. Сиёсатмадор густариши фаъолияти низомии иттиҳодро дар самти шарқ дар назар дошт.

Дар посух ба вазири олмонӣ дабири кулли НАТО гуфт, дар муносибат бо Русия ҳар ду васила — ҳам омодагии низомӣ ва ҳам гуфтугӯи сиёсӣ зарур аст.

Се рӯз пеш дар Лаҳистон тамринҳои НАТО ба охир расиданд. Баъди анҷоми «ҷанги сард» дар Шарқи Аврупо ин бузургтарин тамрин унвон шудааст. Дар ибтидои моҳи июл дар Варшава саммити НАТО баргузор хоҳад шуд. Дар пасманзари суханҳои вазири корҳои хориҷии Олмон, НАТО мегӯяд, эҳтимол аст Берлин аз мавқеи кунуние, ки нисбати Москва гирифта шудааст, «сарпечӣ» кунад.

Йенс Столтенберг дар суҳбат бо расонаҳо гуфт:

«Мо бояд нерӯи қавие дошта бошем, ки аз низоъ пешгирӣ кунад, аммо ҳамзамон мо барои хомӯш кардани таниш ба гуфтугӯи сиёсӣ эҳтиёҷ дорем. Ҳамаи 28 узви НАТО аз ин мавқеъ пуштибонӣ мекунанд. Ман аз мавқеи Олмонро барои гуфтугӯ ва саҳми ин кишварро барои ҳузури низомии мо дар шарқ истиқбол мекунам».

«Русия аз соли 2000-ум ба ин сӯ масрафҳои низомиашро се маротиба бештар карда, соҳиби аслиҳаи нав ва замонавӣ шуда ва нерӯи низомиашро нисбати давлати мустақили Украина истифода бурд. Ҳамаи ин омилҳоест, ки мо амнияти дастаҷамъиямонро тақвият медиҳем», — афзуд Столтенберг.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj