Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Пуштибонии ИМА, НАТО ва Олмон аз Эрдуған

Дар натиҷаи задухурдҳо дар Анқара – пойтахти Туркия 17 нафар аз кормандони полиси ин шаҳр кушта шуд. Ҳамчунин бинои парлумони кишвар бомбарон шуда, як чархболи ҳукуматиро нобуд карданд. Ба иттилои хадамоти амниятии Туркия табаддулоти давлатӣ дар Туркия шикаст хӯрда ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва НАТО аз ҳукумати феълӣ пуштибонӣ кардаанд.

Раҷаб Таййиб Эрдуған, Президенти Туркия дар мусоҳибааш ба телевизиони амрикоии   CNN гуфтааст, ки  ӯ ҳанӯз дар сари қудрат аст ва табаддулоти низомиро эътироф намекунад, балки решакан хоҳад кард.

Ба иттилоъи  агентии Reuters  Раҷаб Таййиб Эодуғон субҳи 16 июл аз Мармара ба Истамбул баргаштааст. Аммо расонаҳоро ин нукта ба шигифт овардааст, ки айни ҳол кӣ дар сари ҳукумат қарор дорад?

Барак Обама президенти Амрико даъват ба амал овардааст, ки ҳукумати демократии Эрдуған пуштибонӣ шуда ва пешри роҳи табаддулот боздошта шавад.

Сарони  Иттиҳодияи Аврупо, конслери Олмон Ангела Меркел ва дабири кулли  НАТО Йенс Столтенберг, ки Туркия ҳам узви ин паймони низомист, аз ҳукумати Эрдуғон пуштибонӣ кардаанд. Аз ҷумла Столтенберг ба “эҳтироми комили ниҳодҳои демократӣ ва Қонуни асосии Туркия” даъват кард.

 

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.