Шаҳрдори Самарқанд бинои таърихии яҳудиро вайрон мекунад

Шаҳрдории Самарқанд тасмим гирифтааст, яке аз биноҳои таърихиро, ки соли 1904 бунёд шуда ва аз сӯи ЮНЕСКО муҳофизат мешавад, тахриб кунад.

Як масъули шаҳрдории Самарқанд гуфт, бар ивази бинои тахрибшаванда ҷуброни бузург падохт мешавад. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, «бино дар робита ба бунёди Донишкадаи тиббӣ вайрон мешавад».

Ин дар ҳолест, ки корманди Нозироти давлатии ҳифзи мероси фарҳангӣ мегӯяд, «тахриби биное, ки дар рӯйхати ЮНЕСКО қарор дорад, мухолифи бандҳои 30, 32 ва 33 Қонуни ҳифз ва истифодаи иншооти мероси фарҳангии Ӯзбекистон мебошад.

Дар ҷаласае, ки 15 октябри соли равон зери раҳбарии муовини вазири фарҳанги Ӯзбекистон Камола Оқилова баргузор шуд, дархости соҳиби бино — шаҳрванди Исроил Михаэл Шор (Shore Michael) баррасӣ гашта, қарори эътирофи бино ҳамчун иншооти таърихӣ ва ҳифзи онро содир карданд. Михаэл Шордар барои ҳифзи бинои худ аз Исроил ба Ӯзбекистон рафта, дар ҳоли ҳозир дар Самарқанд аст.

Ба гуфтаи меъмор аз Тошканд Абдумалик Турдиев, бино аз сӯи ЮНЕСКО муҳофизат мешавад ва содир кардани қарори тахриби он аз салоҳияти шаҳрдори Самарқанд берун аст.

Ёвари шаҳрдори Самарқанд Бобомирзо Облоқулов гуфт, арзиши биноро муайян ва 1 212 000 258 сӯм ($127,5 ҳазор) ҷуброн пешниҳод кардаанд. Вале Михаэл Шор мегӯяд, ба тахриби бино роҳ нахоҳад дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *