Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ба ҷони Абдуллоҳ Абдуллоҳ сӯиқасд карданд

Ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроия ва яке аз муддаиёни курсии президенти Афғонистон сӯиқасди мусаллаҳона сурат гирифт. Як гурӯҳи ношиноси мусаллаҳ ба ҷаласае, ки он ҷо Абдуллоҳ Абдуллоҳ қарор дошт, ҳамла кардааст. Дар ин бора хабар медиҳад Sputnik Тоҷикистон

Гуфта мешавад, ки пас аз суханронии Абдуллоҳ Абдуллоҳ яке аз раҳбарони ҳазораҳо Халили Каримӣ ба минбар баромад ва тақрибан пас аз ду дақиқаи суханронии ӯ тирпаронӣ шурӯъ шуд.

Тибқи иттилои манбаъ ҷаласаи мазкур ёдбуди Абуалии Мазорӣ, роҳбари таърихии ҳазораҳо ва асосгузори Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон буд.

Маросими ёдбуд дар маҳалли Дашти Барчӣ, воқеъ дар Ғарби Кобул, маҳалли умдатан ҳазоранишини Кобул, пойтахти Афғонистон баргузор мешуд.

Манбаъи Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, Доктор Абдуллоҳ аз сӯи муҳофизонаш ба маҳалли номаълум фирор дода шуд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.