Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Трамп ҷанг эълон накард, вале гуфт, таҳримҳо нисбати Эрон сангинтар мешавад

Пас аз 16 соати андешаронӣ Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико вокуниши худро дар қиболи ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳҳои низомии ИМА эълон кард.

Вай гуфт, ки бар асари ин ҳамла ягон нафар аз низомиёни амрикоӣ осеб надидаанд.

“Эрон ақибнишинӣ мекунад ва ин хабари хуше барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Мо хостори ҷанг бо Эрон нестем”-гуфт Трамп дар баёнияи худ.

Эрон ба хотири интиқом барои марги генерал Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи гурӯҳи Қудси Сипоҳи посдорони Эрон, ки бар асари ҳамлаи мушакии ИМА кушта шуда буд, ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ироқ 15 мушак партоб кард.

Ҳамчунин, Доналд Трамп таъкид кард, ки дар замони раёсати ҷумҳурии вай Эрон дорои силоҳи ҳастаӣ нахоҳад шуд.

Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико аз ин баёнияи Доналд Трамп пуштибонӣ карда ва суханронии вайро “дурандешона ва сулҳдӯстона” арзёбӣ кард.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.