Ягона адиби миллионер. Латофат Кенҷаева асрори дороияшро ифшо кард
Латофат дар поёни солҳои шастуми асри гузашта бо навиштани мақолаву хабар ва шеърҳои бачагона ба майдони адабиёт омаду имрӯз бо тахаллуси Сабрин ғазалҳои ошиқона ҳам мегӯяд. Таронанавис, тарҷумон ва журналисти номвар ҳам ҳаст. 1 миллиону 700 ҳазор нусха китобҳои бачагона интишор дода, дар рушди адабиёти кӯдак хадамоти бедареғ кардааст. Имрӯз 70-умин баҳори умрашро истиқбол гирад ҳам, ҳамоно бо дилу дидаи кӯдакона ёру рафиқи тифлакон боқӣ мондааст.
— Дуруд, муаллимаи азиз. Дар яке аз суҳбатҳо ёд карда будед, ки шумо ҳанӯз дар наврасӣ вазифаи сардабириро бар дӯш доштаед. Умуман, таърихи ба қаламу коғаз унс гирифтанатон чӣ гуна буд?
— Сардабири газетаи девории мактаб, баъдтар сармуҳаррири ҷаридаи донишгоҳии «Қалам» будам ва намедонистам, ки як замон сардабири машҳуртарин журнали ҷумҳурӣ – «Машъал» мешавам. Азбаски китобҳои бисёрро бошавқ мутолеа доштаму аз онҳо таъсир мепазируфтам, кӯшиш мекардам, ки дар газетаи деворӣ матлабамро шеъргуна бинависам. Охир, кафлес ба дасти пазанда буд. Аз модаркалон сурудҳои нағзи халқиро шунида, аз ёд мекардам. Аввалин шеъри кӯдакона, ки писандидаву ҳифз карда будам, «О, барречаки масти ман»-и устод Абдусалом Деҳотӣ буд. Баъдтар аввалин шеърҳои кӯдаконаам дар газетаҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ — «Пионери Тоҷикистон», «Машъал» нашр шуданд. Ҳамин тариқ, адабиёти кӯдакона Маҷнун шуду мо Лайло. Ҳанӯз аз ишқаш дил мезанам. Ҳатто баъд аз як мақолаи танқидии ман дар ҷаридаи «Байрақи Октябр» директори хонаи маданияти ноҳияи Ғончиро аз кор сабукдӯш карда буданд. Он замон дар синфи 7 таҳсил доштам. Рисолаи хатмам дар донишгоҳ низ «Фарқиятҳои очеркҳои «Машъал» ва «Пионер» унвон дошт.
— Вақте шеърҳои худро аз забони тифлакон мешунавед, дар вуҷудатон чӣ гуна эҳсос зуҳур мекунад?
— Пайванди мармузи шеъру олами тифлонаро ҳис кардан, барои шоир бахти бузургест. Шукр, ки ман аз ин шаҳди эҳсос борҳо чашидаам. Аз завқе, ки хонанда аз қироати шеър мебарад, дар дилу ҷони муаллиф беасар намемонад. Ҳатто як бор воқеи аҷибе рух дод. Дар истгоҳи кӯчаи марказии шаҳраки Ғончӣ меистодем, ки мактаббачаҳои хурдсол гузаштанд. Бошавқ чанд китоби худро барошон туҳфа кардам. Ба расми муқова ишора карда, пурсидам, ки ин касро мешиносед? Баробар гуфтанд: «Бале, Латофат Кенҷаева». Вақте бо ангушт ба худам ишора карда гуфтам, ки ҳамон Латофат манам, дар рӯ ба рӯи шумо. Ҳама дар ҳайрат монданд ва яке бо содагӣ чунин гуфт: «Э, шумо намурдагӣ-мӣ?». Бале, барои кӯдакон шоирони классик ҳам, муосир ҳам, гузашта ҳисоб мешаванд. Онҳо шахсиятро не, шеърро мешиносанд ва ин падидаи бисёр аҷиб аст.
— Дар байни ноширон бо тахаллуси «Бонуи миллионер» ном баровардаед. Кай ин миллионро ба даст овардед ва дар кадом «бонк» нигаҳ медоред?
— Дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ шояд танҳо нашриёти «Истиқбол» аст, ки то 30 ҳазор нусха китоб чоп кардааст. Ман бо ҳамин теъдод интишори китобҳои бачагонаро оғоз карда, тадриҷан ба 1 миллион расондам. Ҳоло шумораи китобҳои нашркардаамон ба 1 мил. 700 ҳазор нусха расидааст. Китобҳоро бо кредит чоп мекунем. Хонаи худро дар бонк иҷора гузошта, ҳар бор қарз мегирам. Азбаски китобҳо дар ҷои кор нағунҷиданд, қисмати аъзами онро ба хона бурда, зери як шипанг чидем. Аммо ба ҷои кор кашола карда овардану бурдани китобҳо моро дилгир кард. Як контейнер харида, дохили он чидем. Ба он об даромад, муаммо зиёд шуд, боз як қисмашро ба хона бурдем. Хулоса, «миллион»-ҳо на дар киса мегунҷанду на дар хона (ҳамсуҳбатамон механдад). Аммо амонатдори асосии «миллион»-ҳои ман дили кӯдаконанд.
— Яъне, қисмати китобҳо «вой» аст гӯед. Ҳол он ки пештар китобҳои нашриёти шумо бо шумораи зиёд ва сифати баланд дар Туркия чоп мешуданд. Шунидем, ки робитаатонро бо чопхонаҳои ин кишвар боздоштаанд. Рост аст?
— Рост аст. Таваҷҷуҳ ба китоб кам, бар замми ин, баъзе мансабдорони нотавонбину ҳасуди Вазорати маориф ва илм фурӯши китобҳоро ба боғчаву мактабҳо манъ карданд. Фишор оварданд, пешипоӣ заданд, гумон карданд, ки аз маблағи фурӯши китобҳо воқеан миллионер шудаам. Аммо ҳафт пушти маро кобанд, на ягон пули зиёдӣ меёбанду на мошину на кӯшку бӯстонсарои бошукӯҳ. Дар хонаи замони шӯравӣ гирифтаам, 50 сол боз зиндагӣ мекунам. Гоҳ-гоҳ писарам кредитро дода натавонему бонк хонаро мусодира кунад, чӣ кор мекунем, гуфта мепурсад. Ман бо лутф мегӯям, ки аз китобҳо хонаи картонӣ сохта, рӯз мегузаронем…
— Маълум мешавад, ки китобҳои Латофат, чӣ сеҳре доранд, вагарна ин ҳама ҳасаду нотавонбинӣ аз куҷо?
— Дар чопи китоби бачагона ба хиёнат роҳ додан, ба масал ба ҳаққи ҳалоли кӯдак хиёнат кардан аст. Ман ҳамеша муаллифони маънисаро, рассомони чирадаст, тарроҳони чашмикордон ва муҳаррирони доноро ба кор ҷалб мекунам. Бо қарз бошад ҳам, дастмузди ранҷбарони китобро мепардозам. Дар чунин ҳол, албатта, китоб бо сифати баланд ва ороиши нотакрор чоп мешавад. Шояд ин бухли баъзеҳоро ангеза бахшида бошад, боз намедонам. Ҳамеша мекӯшам, ки ба адабиёти кӯдак сиёҳӣ, норозигӣ ва сиёсату иқтисод омезиш наёбанд. Дар ин ҷода замоне ба Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ ва Гулчеҳра Сулаймонӣ такя мекардам, ҳоло бо Нозирҷон Боҳирӣ, Алӣ Бобоҷон, Ҷӯра Ҳошимӣ, Юсуфҷон Аҳмадзода, Анзурати Маликзод ва Абдусалом Абдуллоев, Олимҷон Камолзода барин адибону донишмандон ва мусаввирон ҳамкорӣ мекунам.
— Дар тарҷумаи ҳолатон ишора шудааст, ки танҳо нишони «Сухан»-и ИНТ-ро доред. Ба ҷуз аз ин боз ягон ҷоиза ё нишону медал надоред?
— Пай мебарам, ки чиро дар назар доред. Аммо ба ман шиква кардан аз надоштани ин ё он ҷоиза ё мукофот бегона аст. Тахаллусам ҳам дар ғазалҳо бесабаб Сабрин нест. Вагарна, медонед, ки дар замони мо бо воситабозию минёнаравӣ ё шикоятноманависӣ «унвондор» шудан мумкин аст. Аммо алҳазар аз ин! Шукр, аз замони шӯравӣ медалу нишонҳои бисёр дорам. 20 сол пеш медали «Барои хидмати шоиста» дода буданд. Муҳимтарин унвону ҷоизаи ман хонандагони ман, бахусус тифлакони фариштахӯи ин миллат аст. Чунин мукофторо ҳар кас ҳам надорад…
— Ба адабиёт аз ду зовия: танқид ва тавсиф арзишдоварӣ мекардед.
— Танқид он аст, ки ниҳодҳои дахлдор дар ғами адабиёт нестанд. Аз пеши худ ба ягон ибтикори созанда даст намезананд. Китобҳояшонро чоп карда, дар муаррифии онҳо саҳм намегиранд. Бавижа, истеъдодҳои навро анҷумане, ҷамъияте нест, ки муттаҳид намояд. Мисли чашмаҳо меҷӯшанду мехушканд. Адибони ҷавон то ҷое, ки зӯрашон мерасад, иншо мекунанду китоб месозанд, ба ҷои раҳнамоӣ, ҳама ба танқиди онҳо дасту остин бармезананд.
Тавсиф он аст, ки адибони умедбахш бисёранд. Ва аҷиб аст, ки дар таҷриба дидем: баъзе ҷавонону наврасон бо андешаҳои бузургворона хидмати бедареғу бемуздро ба адабиёт пеша кардаанд. На аз давлату Ҳукумат умед доранду на аз ягон ниҳоди дигар. Дарк кардаанд, ки адабиёт дили соф ва иродаву ғайрати инсонӣ мехоҳад, на қилу қоли дигар.
— Дар остонаи 70-солагии худ 7 роҳи шеъри нағзи бачагона гуфтанро ифшо мекардед…
— Дар ин 70 сол садҳо роҳу равиши шеър гуфтанро таҷриба кардем. Аммо шумо, ки мушаххасан мепурсед, мегӯям. 1. Фаромӯш накунед, ки шумо барои кӯдак шеър менависед ва кӯдак бошед; 2. Бо забон ва фаҳмиши тифлон андеша ронед; 3. Ба орзуҳои беғаши кӯдакон бовар кунед; 4. Ба ҳама хӯю хислати тифлона ошно шавед; 5. Бо онҳо ҳамнишин шуда, мисли онҳо гаштугузор карда, рафторашонро омӯзед; 6. Дар рафти суҳбат ҳарфҳо, садоҳо ва ҳаракатҳои аҷоиби бачагонро дар ёд гиред; 7. Дар ҳаёт ба кӯдакон дағалу дурушт бошед, дар шеърҳо сохтакорона меҳрубону мушфиқ нашавед, бесуд аст. Фиреби эҷодии шуморо аз ҳама бештар бачаҳо зуд пайхас мекунанд.
— Бо чунин андешаҳои созанда ва умедбахш солҳои сол дар хидмати миллат бошед. Рӯзи ба дунё омадантон фарруху фархунда бод!
Суҳбаторо
Бузургмеҳри БАҲОДУР
P.S. Аҳли қалами ҳафтаномаи “Тоҷикистон” шоир, журналист ва ношири маъруф Латофат Кенҷаеваро ба муносибати мавлудаш табрик гуфта, барояш саломатӣ ва саодати рӯзгорро орзу мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ