Як пешниҳоди Соҳиб Табаров

Номанигории донишманди маъруфи тоҷик Соҳиб Табаров (1934-2015) ҳанӯз аз ҷониби муҳаққиқон мавриди таҳқиқ қарор нагирифтааст. Ҳол он ки, дар номаҳои ин адабиётшиноси маъруф масоили мухталифи адабиёту фарҳанги тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Дар арафаи таҷлили 100-солагии Соҳиб Шуҳратиевич Табаров як номаи ин донишманди маъруф ба дасти мо расид. Ин нома ба унвони мувоини раиси Совети вазирони Тоҷикистон Каримова Махфират Калоновна навишта шудааст. Мутаассифона таърихи таълифи мактуб маълум нест, вале тахминан миёни солҳои 1961-1974 навишта шудааст, зеро дар ин давра М. Каримова дар вазифаи мувоини раиси Совети вазирони Тоҷикистон фаъолият мекард.

Дар ин нома Соҳиб Табаров ба ин мансабдори баландпояи давлатӣ пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон Архиви давлатии адабиёт ва санъат ташкил карда шавад, то дар он архиви адибону ҳунармандон ва олимон ҳифз шавад.

Шояд баъди мутолиаи ин нома масъулин дар бораи ин пешниҳоди Соҳиб Табаров, ки ҳанӯз ҳам мубрам мебошад, андеша мекунанд?! 

Ба мувоини раиси Совети вазирони Тоҷикистон

рафиқа Каримова М. К.

Аз Шумо пинҳон нест, ки тақрибан дар ҳамаи республикаҳои бародарӣ Архиви республикавии адабиёт ва санъат, музейи адабиёту санъат, ганҷинаи дастнависҳои арбобони илму адабиёт ва санъат дар китобхонаҳои респуликавӣ ва ғайра чандин солҳо боз мавҷуданд.

Банда дар ин мактуб ҳоло танҳо дар бораи як масъала — ташкили архиви давлатии адабиёт ва санъати Тоҷикистон таваққуф карданиам.

Дар муддати зиёда аз 50 сол адабиёт ва санъати тоҷик ба чунон комёбиҳо ноил гардидааст, адибону саъаткорони тоҷик садҳо ва ҳазорҳо асарҳо, дастнависҳо, мактубҳо, хотираҳо, расму суратҳо, нақшаву ҳуҷҷатҳо ва монанди инҳо боқӣ гузошта буданд ва боқӣ гузоштаанд, ки онҳо аҳамияти бузурги таърихӣ, сиёсӣ, адабӣ, бадеӣ, илмӣ ва амсоли инҳо доранд. Афсӯс, ки қисми зиёди чунин мероси бебаҳои Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Ҳамдӣ, Сарвар, Мунзим, Алӣ-Хуш, Ҳаким Карим, Аминзода, Ҳабиб Юуфӣ, Суҳайлӣ, Бузургзода, Рашид Абдулло, Тоҳирӣ, Пирмуҳаммадзода, Деҳотӣ ва дигарон бебозгашт гум шудаанд. Архиви даҳҳо артистони номдори чӣ марҳум ва чӣ зинда ҳам қисман ё тамоман гуманд ва ё дастраси касе нестанд. Дар бораи коркунони эҷодии дигар халқу миллатҳо айнан ҳамин фикрро тасдиқ кардан мумкин аст.

Агар дар солу моҳҳои наздиктарин Архиви давлатии адабиёт ва санъати Тоҷикистон ташкил карда нашавад, хавфи ҷиддии он меравад, ки он материалҳои архивие, ки ҳоло ҳам дар дасти адибону санъаткорони тоҷик ва хешу ақрабоҳо ва дӯстони онҳо боқӣ мондаанд, батадриҷ гум ва нобуд хоҳанд шуд.

Бинобар ин, аз Шумо хоҳиш менамоям, ки ба ин кори муҳими давлатӣ ва умумихалқӣ сарварӣ намоед ва ба кори дар республика ташкил намудани Архиви давлатии адабиёт ва санъати Тоҷикистон ёрии амалӣ расонед. Бо ин коратон халқи тоҷик ва таърих ба Шумо миннатдории азим хоҳанд намуд.

Бо эҳтиром, Соҳиб Табаров

Таҳияи О. СОҲИБЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *