Яке ҳабсу дигаре ҷарима. Бародарон дастгир шуданд

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ду нафар – бародарон Хурсандов Ҳикматулло Абдусаломович, санаи таваллудаш 10.03.1998 ва Хурсандов Муҳаммадҷон Абдусаломович, санаи таваллудаш 01.12.2007, истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе, кӯчаи Б. Ғафуровро бо иттиҳоми вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир кардааст.

Зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки санаи 26-уми марти соли ҷорӣ дар кӯчаи С. Айнӣ ба сӯи маркази савдои «Пайкар» ҳангоми аз роҳи пиёдагузар гузаштан, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-зефира», рақамҳои қайди давлатиаш 6068NN01, шаҳрванд Ғаниев Шоҳрух Илҳомович, санаи таваллудаш 06.09.1999, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Деҳотиро мавриди дашному ҳақорат қарор додаанд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Хурсандов Ҳикматулло бо моддаи 460 (майдаавбошӣ) протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъин карда шудааст. Барои ноболиғ будани бародари номбурда шартан нисбати падараш тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуда, аз ҷониби суд ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ карда шудааст.

Ҳамзамон, нисбати ронандаи автомашинаи мазкур низ барои роҳ надодан ба пиёдагард тибқи талаботи моддаи 324-и КҲМ ҶТ прокол тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *