Натиҷаҳои рӯзи сеюми Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ маълум гардид

27-уми март дар доираи Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шаҳри Душанбе се сабқат баргузор шуд. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар рӯзи сеюм сабқатҳои инфиродӣ миёни мардон, бонувон ва бонувони то 23-сола дар масофаи 24 км сурат гирифтанд.

Миёни бонувон ва мардҳо варзишгарони Қазоқистон Рината Султонова ва Евгений Федоров ғалаба карданд. Миёни бонувони то 23-сола намояндаи Ӯзбекистон Янина Кускова пирӯз шуд.

Дар рӯзи сеюм варзишгари тоҷик Раҳимҷон Аминов миёни мардҳо дар масофаи 24 км ширкат карда, бо натиҷаи 40:23.320 (миёни 11 иштирокчӣ) ҷои ёздаҳумро гирифт.

Натиҷаҳои рӯзи сеюм

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, бонувони то 23-сола, 24 км

  1. Янина Кускова (Ӯзбекистон), 34:08.064
  2. Бота Батирбекова (Қазоқистон), 36:40.339
  3. Сафия Ал Саиғ (АМА), 37:02.743

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, бонувон, 24 км

  1. Рината Султонова (Қазоқистон), 33:24.632
  2. Делиа Приатна (Индонезия), 33:59.275
  3. Солонго Тсеренлхам (Муғулистон), 35:04.082

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, мардҳо, 24 км

  1. Евгений Федоров (Қазоқистон), 28:45.197
  2. Нариюки Масуда (Ҷопон), 29:36.745
  3. Муродҷон Холмуродов (Ӯзбекистон), 29:58.291

28-уми март

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, U-23 (130 км)

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, ҷавонон (111 км)

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо, ҷавонон (61 км)

29-уми март

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо (175 км)

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо (111 км)

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо, U-23 (111 км)

30-юми март

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, дӯстдорон ва устодони варзиши велосипедронӣ (111 км)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *