Ярмаркаи намоиши либосҳои мактабӣ дар Бохтар
Дар шаҳри Бохтар ярмаркаи намоиши либосҳои мактабӣ баргузор гардид. Ҳамчунин, дар ин намоиш шартномакунии роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бо корхонаҳои дӯзандагӣ сурат гирифтааст.
Афзал Юсуфзода, мудири шуъбаи рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба Pressa.tj гуфт, ки намоиши либоси мактабӣ ба хотири интихоб ва шартнома кардани роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бо корхонаҳои дӯзандагӣ аст. Ӯ мегӯяд, ҳоло се корхона — ҶДММ “Дарз”, ҶДММ “Кото Глобал” ва ҶДММ “Марямбибӣ” барои хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар либоси мактабӣ омода мекунанд.
Файзулло Баротзода, шаҳрдори Бохтар ҳам дар баробари роҳбарони муассисаҳои таълимӣ аз корхонаҳои дӯзангӣ дидан карда, масъулинро вазифадор кардааст, ки либоси мактабӣ бо сифати баланд ва нархи дастрас пешниҳоди хонандагон карда шавад.
Афзал Юсуфзода афзуд, ки дар шаҳри Бохтар корхонаи дӯзандагӣ зиёд аст. Шаҳру ноҳияҳои дигар ҳам метавонанд бо корхонаҳои мавриди назар шартнома кунанд.
Таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ яке аз масъалаҳоест, ки ҳамасола доғ мешавад. Шикояти волидони хонандагон аз сифати либос ва баланд будани нархи он ҳамасола мушоҳида мешавад.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ