Боздошти қочоқбарон дар Ӯзбекистон. Миёнашон як тоҷик ҳам будааст (видео)

Агентии иттилоотии Podrobno.uz бо такя ба Хадамоти амнияти Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки кормандони ин хадамот дар як амалиёти махсус дар шаҳри Тошканд як гурӯҳ қочоқбаронро бо қариб 40 кг маводи мухаддир боздошт кардаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, қочоқбарон аз ду шаҳрванди Ӯзбекистон, як шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Қазоқистон иборат будаанд. Аз қочоқбарон 12,8 кг афюн ва 27,50 кг ҳашиш кашф ва мусодира шудааст. Онҳо мехостаанд маводи мухаддирро тариқи Ӯзбекистон ба кишварҳои дигар интиқол диҳанд.

— Зимни амалиёт қочоқбарон ба талаби қонунии кормандони мақомоти интизомӣ итоат накарда, талош намудаанд, то аз ҷойи ҳодиса фирор кунанд,- гуфта мешавад дар хабар.

Ёдовар мешавем, ки дар охири моҳи марти ҳамин сол Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар шаҳри Алма-Ато як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми қочоқи беш аз 100 кг героин боздошт карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *