Юсуф Раҳмон: 6 исфарагӣ дар хориҷа дарси динӣ меомӯзанд

Имсол мизони ҷиноятҳои ифротгароӣ ва террористӣ дар вилояти Суғд 17,5 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар ин бора прокурори генералии ҶТ Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи гурӯҳи кории Ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом хабар дод.

Аксарияти фактҳои қайдшуда дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом мушоҳида карда мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, шаҳри Исфара як минтақаи осебпазир буда, 6 сокини он дар кишварҳои хориҷӣ ғайриқонунӣ дарси динӣ меомӯзанд. Аз шаҳри Конибодом дар ин гуна донишкадахо 2 нафар таҳсил мекунанд.

Зимни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои даъвати баҳории ҷавонон ба сафи артиши Тоҷикистон ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар ин самт Прокуратураи генералии кишвар зикр кард, ки нисбати 6 сокини шаҳри Конибодом ва 7 сокини Исфара барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. “ То имрӯз 17 нафар аз шаҳри Конибодом ва 6 нафар роҳбар аз шаҳри Исфара фарзандони худро ба хидмати ватан сафарбар намудаанд”,- гуфта шуд дар ҷаласаи мазкур.

Юсуф Раҳмон зимни суханронӣ дар боби мушкилоти худкушӣ таъкид кард, ки дар соли 2022 дар шаҳрҳои Исфара 8 ва Конибодом 7 ҳодисаи худкушӣ сабт шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *