шарҳи матбуот

Муроҷиати Ҳоҷӣ Мирзо дар “СССР” ва инъикоси қаллобиҳо дар “Тоҷикистон”-у “Ҷумҳурият”

Ин ҳафта нашрияҳои кишвар дар баробари гузоришҳо оид ба сафари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд бисёр масъалаҳои дигари муҳимро низ инъикос кардаанд.

Нашрияҳои “Ҷумҳурият” (№65, 30.03.2023 ва №67, 01.04.2023), “Садои мардум” (№48, 03.04.2023), “Народная газета” (№15, 05.04.2023), “Минбари халқ” (№13, 05.04.2023), “Омӯзгор” (№14, 06.04.2023), “Боҷу хироҷ” (№14, 06.04.2023) ва “Минбари халқ” (№13, 05.04.2023) дар мавриди сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд гузоришҳои муфассал нашр кардаанд. Хусусан, “Минбари халқ” чор саҳифаи худро дар формати А2 ба ин мавзуи рӯз бахшида, оид ба иқдомҳои суратгирифта дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд маълумоти муфассал ироа кардааст.

Ҳафтаномаи “Дунё” (№14, 06.04.2023) дар сармақолаи худ бо номи “Осиёи Марказӣ. Чаро мутахассисони соҳибҳунар минтақаро тарк мекунанд?” аз вазъи нигаронкунандаи масоили кадрӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳори ташвиш намудааст. Дар мавриди Тоҷикистон ҳафтанома менависад: “Агар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишварро асосан мутахассисони русзабон тарк карда бошанд, пас ҳоло худиҳо, бо дараҷаҳои илмӣ ва ҷавонони ояндадор. Ҳанӯз дар соли 2010 дар кишвар «Консепсияи ҷалби ҳамватанони хориҷӣ ба унвони шарик дар рушди ватан» қабул шуда буд, аммо мушкилоти иқтисодӣ ба Душанбе имкон намедиҳад, ки барномаҳои бозгашти мутахассисонро амалӣ кунад. Ин ҷо, ҳамчунин як қатор чораҳои “бозгардонии фаъоли академӣ”-ро ба нақша гирифтаанд. Миёнашон идрорпулии президентии “Дурахшандагон” маҳсуб меёбад, ки иштирокчиёни он дар хориҷа, бо шарти бозгашт таҳсил доранд”.

Ҳафтаномаи “Азия+” (№12, 06.04.2023) бошад, ин ҳафта бори дигар ба мавзуи айни замон ҳасос, яъне санҷиши ба заминларзаҳо тобовар будан ё набудани биноҳои бунёдшаванда рӯй овардааст. Нашрия бо нашри ду мақола бо номҳои “Дар Тоҷикистон чӣ гуна баландошёнаҳои ба заминларза тобовар месозанд?” ва “Санҷиши биноҳои ба заминларза тобовар чӣ гуна мегузарад?” ба суолҳои муҳим посух ҷуставу интишор кардааст.

Ҳафтаномаи “Фараж” (№13, 06.04.2023) бо нашри матлабе таҳти унвони “Хуҷанд: Тақдири Осорхонаи Мирзо Турсунзода чӣ мешавад?” аз тасмими кӯчонидани бинои он ба дигар ҷой изҳори нигаронӣ кардааст. Нашрия паҳлуҳои мухталифи мавзуро ба баррасӣ гирифта, ба чунин хулоса расидааст: “Ба назар мерасад, дар сурати хостан ва барномарезии мақомот мешавад осорхонаҳоро барои имрӯзиёну ояндагон боз нигоҳ дошт. Мисоли рӯшанашро ба чашм дар “Майдони ситораҳо”-и Хуҷанд мебинем. Он ҷо аз давраи шӯравӣ нимпайкараи шахсиятҳои маъруф ва ходимони барқарорсозии сохти сотсиалистиро мегузоранд ва рӯзҳои мо, пас аз се даҳсолаи давраи истиқлоли Тоҷикистон ҳам: шумораи онҳо сол то сол рӯ ба афзоиш дорад. Зимнан, ин майдони гулпӯш бо нимпайкараҳои рангмолишуда айнан дар рӯ ба рӯи осорхонаи Мирзо Турсунзода ҷой гирифтааст, ки шаҳрдории Хуҷанд барвақт тасмим гирифтааст он биноро бо осорхонааш хароб кунад ва ҷояш баландошёна бардорад”.

Ҳафтаномаи “СССР” (№13, 06.04.2023) матлаберо бо номи “Ҳоҷӣ Мирзо: Таровеҳро тӯлонӣ нахонед!!!” сармақолаи шумораи ин ҳафтаи худ қарор додааст. Руҳонии машҳур Ҳоҷӣ Мирзо дар муроҷиати худ аз ҷумла мегӯяд: “Баъзе қориҳои мо малол нашаванд, Аллоҳ хайрашон диҳад, беҳад зиёд намозро тӯл медиҳанд. Инҳо худашон то бегоҳ дар хонаанд, хобашонро ба вақташ мегиранд. Лекин вақте ман аз саҳар то бегоҳ дар корам, бояд мулло манфиати маро ҳам фикр кунад. Паёмбарамон мегуфт: “Дар куҷое мабодо эмоматӣ кардӣ, намозро сабук хон!”. Зеро, меафзояд Пайғамбар (с), мӯсафедон ҳастанд, хурдҳо ҳастанд, касалидорҳо ҳастанд, ҳоҷатмандон ҳастанд дар ин дарун. Ҳазрат гуфта истодааст, ки ҳамаи инро пеш аз ҳама ба назар гир. Дар охир мегӯяд, кадом вақте худат танҳо хонданӣ ки шудӣ, ҳамин қадар бихон, ки мақсад аз пой бизан, лекин дар вақте ки танҳо бошӣ. Манфиати ҷамоатро пеш аз ҳама бояд фикр кард. Барои ҳамин, ман ҷонибдорам, ки қориҳои мо чӣ қадар тезтар бихонанду мардумро тез ҷавоб диҳанд, савоб аст”.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” (№14, 05.04.2023) ҳам ин ҳафта ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз рӯй овардааст. Матлаби “Қаллобӣ дар “Фейсбук”. Аз ҳушдори ВКД то шарҳи корманди бонк” сармақолаи шумораи ин ҳафтаи нашрияи мазкур интихоб шудааст, ки авомфиребии шахсони анонимиро бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ таҳлил кардааст.

“Чанд рӯз боз дар “Фейсбук” эълоне мечархад, ки гӯё дар арафаи моҳи Рамазон раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба 200 нафар кумаки молӣ медиҳад. Дида мешавад, ки ин эълон миёни корбарони “Фейсбук” зиёд паҳн мешавад. Яке ба ин эълон бовар дораду дигаре онро “фейк”, яъне таблиғи дурӯғ ва амали дасти қаллобон медонад. Аммо пахши чунин эълонҳо аз номи раиси шаҳри Душанбе бори аввал нест. Вақтҳои охир аз номи раиси шаҳри Душанбе ва дигар ашхоси шинохтаи тоҷик зиёд эълону видео-роликҳои таблиғотӣ марбут ба таъсиси ҳар гуна фондҳои кумакрасону молиявӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечарханд. Аммо паси ин гуна эълонҳо, ки коршиносон “фейк” меноманд, кӣ меистад? Ҳадаф аз чунин роликҳои тарғиботии дурӯғин чист? Чӣ кор бояд кард, то мардум ба доми қаллобон наафтанд?”,- менависад ҳафтанома ва дар идома ба дарёфти посухи суолҳо мепардозад.

Мақолаи тадқиқотие, ки мавзуи солҳо нигаронкунандаву пурсарусадои ҳалношударо дар бар мегирад, дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” (№68, 03.04.2023) таҳти унвони “Qnet. Фаъолияти ширкате, ки даст ба ҷайби мардум мезанад, то куҷо қонунист?!” ба нашр расидааст.

“Дар ин авохир як гурӯҳ мардони миёнасол, ҷавонписарону духтарон дар ҳудуди шаҳри Турсунзода, бавижа назди бозори марказӣ ва дигар маконҳои сераҳолӣ шаҳрвандонро барои кор дар ширкате даъват мекунанд, вале онҳо на номи ширкатро мегӯянд ва на фаъолияти онро тавзеҳ медиҳанд. Танҳо мегӯянд, ки кори ташкилот даромади хуб дорад ва шумораи телефони мобилии худро ба шаҳрвандон пешниҳод менамоянд. Ҳамчунин, аз шаҳрвандон хоҳиш мекунанд, ки рақамҳои телефонашонро ба онҳо диҳанд. Саволе ба миён меояд, ки ин нафарон кистанд ва он кори «даромаднок» дар куҷост? Дар робита ба ин, хабарнигори «Ҷумҳурият» тадқиқоти журналистӣ анҷом дод, ки дар он парда аз рӯи амалҳои ба зоҳир хубу дар асл мардумфиребонаи ширкати мавриди назар бардошта мешавад”,- навиштааст нашрия ва натиҷаҳои тадқиқоташро пешкаши хонанда гардонидааст.

Шарҳи матбуоти кишварро ҳар ҳафта қисмати аввали рӯзи ҷумъа дар сомонаи Pressa.tj интизор шавед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *