НАТО

Финландия расман узви НАТО шуд

Вазири корҳои хориҷии Финландия Пекка Хаависто санади расмиеро дар бораи пайвастани ин кишвар ба НАТО имзо кардааст. Санад ба муҳофизи шартномаи таъсиси ин паймон, котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен супурда шудааст.

Ҳамин тариқ, Финляндия 31-умин узви НАТО гардид.

Маросими имзои санад дар қароргоҳи ин созмон дар Брюссел баргузор шудааст. Рӯзҳои наздик дар саҳни қароргоҳ парчами Финландия барафрохта мешавад.

Дохил шудани ин кишвар ба ин иттиҳод аз ҳама зудтарин дар таърихи созмон аст. Пештар Финландия дар давоми чанд даҳсола бетарафии низомиро нигоҳ медошт.

Ёдовар мешавем, ки дар баробари Финландия Шветсия низ мехоҳад ба НАТО бипайвандад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *