Ҳосилғундорӣ дар Хатлон оғоз шуд. Пиёз арзон мешавад?

Ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон ба ҷамъ кардани ҳосили пиёзи барвақтӣ оғоз намудаанд, вале маълум нест, ки ба бозор баромадани пиёзи барвақтӣ нархи ин навъи маҳсулотро арзон мекунад ё не.

Дар пасманзари афзоиши бесобиқаи нархи пиёз дар бозорҳои кишвар дар чанд ноҳияи вилояти Хатлон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз шуд. Хадамоти матбуоти вилояти Хатлон бо нашри чанд акс хабар дод, ки ноҳияи Ҷайҳун аз аввалинҳо шуда ба ҷамъоварии ҳосили баҳории пиёз оғоз кард.

Ба иттилои манбаъ, бо мақсади таъмини аҳолии Тоҷикистон бо пиёзи барвақтӣ ва паст фаровардани нархи пиёз дар бозорҳои дохилӣ деҳқонони ҷамоати деҳоти Истиқлоли Ҷайҳун аллакай онро ҷамъ овардаанд.

Интизор меравад, ки дар пайи ворид шудани ҳосили ҷадид ба бозорҳо нархи он коҳиш ёбад.

Ин дар ҳолест, ки соли равон дар бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ камбуди захоири пиёз ба мушоҳида расид, ки дар натиҷа давлатҳо содироти ин маҳсулотро маҳдуд карданд.

Дар бозорҳои Тоҷикистон нархи як кг пиёз ба 13-14 сомонӣ расид, ки қаблан собиқа надошт.

Бар асоси дурнамои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, соли 2023 дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ дар майдони беш аз 17 ҳазор гектар кишти пиёз гузаронида мешавад. Ба иттилои манбаъ, аз ин майдон зиёда аз 11 ҳазор гектарро пиёзи барвақтӣ ташкил медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки феълан талабот ба ин навъи маҳсулот на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он низ зиёд мебошад.

Қаблан соҳибкорони Қазоқистон изҳори омодагӣ карда буданд, ки 15 млн доллар барои пиёзи Тоҷикистон пешпардохт намоянд ва дар ҳолати фаъолияти устувор ин маблағ метавонад то 45-50 млн доллар афзоиш ёбад.

Д. ҚОДИРПУР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *