толеънома

Толеъномаи 7-уми апрели соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз маҷбур мешавед нақшаҳои аввалиндараҷаи худро иваз намуда, уҳдадориҳои иловагиро ба дӯш гиред. Дар зарурат аз дӯстону наздикон кумак пурсед. Агар шумо шахси дӯстдошта дошта бошед, бегоҳирӯзиро ҳамроҳ гузаронед. Рафту муҷаррад бошед, барои шиносшавӣ омода бошед.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз монеаву мушкилиҳои зиёде дар касбу коратон пеш меояд. Мардҳо орзуи деринаро ҷомаи амал мепӯшонанд. Зиндадилиятон атрофиёнро мафтун месозад. Аз дағаливу якравӣ худдорӣ намоед. Бонувон ба асабхаробӣ ё хасташавӣ мубтало мегарданд. Имкони дарди сар, ғамгинӣ ё бемадорӣ вуҷуд дорад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Нохуб шудани вазъи саломатиятон ба касбу коратон таъсир мерасонад. Эҳтимол муносибататон бо ҳамкорон, роҳбарият, дӯстону наздикон бад мегардад. Қабл аз хоб сайругашт карда, як пиёла ширу асал нӯшед. Вохӯрие имкон дорад, ки ногувориҳои зиёде ба бор меорад. Ғалатҳои худро дар масъалае ба гардан гирифта, пушаймон намешавед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Диққататон ба мушкилиҳои корӣ равона мегардад. Ба саломатии худ диққат диҳед, ба асабоният роҳ надиҳед. Баъди нисфирӯзӣ дар муҳити ором истироҳат намоед. Дӯстдоштаи худро наранҷонед, вагарна оштӣ шуданатон душвор мегардад. Ҳангоми ба бозор рафтан чизҳои нодаркорро харидорӣ накунед.

Асад (23 июл-23 август)

Қобилиятҳои кориятон баланд мегардад, вале хабар ё рафтори шахси наздик боиси хира гаштани табъатон мегардад. Вохӯриҳои корӣ бобарор анҷом меёбанд. Меҳнати коллективона дар ин рӯз самар намеорад, аз ин рӯ танҳо ба қувваи худ умед бандед. Саломатии худро дар мадди аввал гузоред.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

Барои он ки муносибатҳоятон бо шахси дӯстдошта вайрон нагардад, бояд якдигарро дарк карда тавонед. Ин кор бо душворӣ даст медиҳад, вале сабру таҳаммул ба шумо мадад мерасонад. Айни замон мушкилиҳои ҷиддӣ пеши роҳатон намеоянд. Маблағи дар даст доштаро сарфакорона истифода кунед, рӯзҳои наздик маблағи хуб ба даст намеоред.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи бобарор аст. Муносибататон бо ҳамкорон, сардор, дӯстон ва наздикон беҳтар мегардад. Вохӯрие имкон дорад, ки бароятон шодиву нишот меорад. Нимаи дуюми рӯз каме нотоб мегардед. Қабл аз хоб сайругашт кардан хуб аст. Маблағеро, ки кайҳо боз интизор будед, ҳамин рӯз ба даст меоред.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ҳодисаҳое имкон доранд, ки шуморо ба тағйироти судманд водор месозанд. Вақте расидааст, ки зиндагии худро беҳтар гардонед. Корҳои нотамомро ба анҷом расонида, мушкилиҳоро рафъ намоед, то ки дигар пайдо нашаванд. Дар ҳаёти шахсиятон оромӣ ҳукмфармо бошад ҳам, ба тағйироти ногаҳонӣ омода бошед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз дар масъалаҳои пулӣ хеле сарфакор бошед. Ба касе қарз надиҳед. Ҳар чизе, ки бо сарф кардани маблағ вобастагӣ дорад, гузашт накунед. Ҳангоми харидорӣ намудани чизҳои даркорӣ ва хӯрока маблағи зиёд сарф карданро маслиҳат намедиҳем. Вохӯрии ошиқона ногувориҳои зиёдеро ба саратон меорад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи бебарор аст. Қабл аз кореро ба анҷом расонидан вазъиятро нағзакак ҳаллу фасл намуда, варианти беҳтаринро интихоб намоед. Маблағи хуб ба даст оварда наметавонед. Саломатиятон дар ин рӯз хуб аст, вале каме худро бемадор эҳсос мекунед. Дӯстдоштаатон бо рашкаш табъатонро хира мегардонад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ҷодаи касбу кор танҳо бо майлу хоҳиши худ амал намоед. Вохӯриву масъалаҳои корӣ бобарор анҷом ёфта, даромади хуб ба даст меоред. Дар ҳаёти шахсиятон тағйирот имкон дорад, хусусан мардҳоро навигарӣ интизор аст.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Рӯзи душвор аст. Ба бурдбории рӯякӣ нигоҳ накарда, дар дилатон изтиробу асабоният ҷой мегирад. Барои он ки ба ғалат роҳ надиҳед, боқимондаи рӯзро дар танҳоӣ гузаронед. Саломатиятон аз шумо истироҳати бардавом ва чораҳои пешгирикунандаи бемориҳоро талаб мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *