Ёде аз аввалин муаллимаи маълумоти олидор Баҳринисо Тоҳирова

Дар таъриху фарҳанги тоҷикон Зан-Модар ҷойгоҳи хосе дорад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ занон дар пешрафти ҳамаи соҳаҳо нақши созгор ва саҳми арзанда мегузоранд. Вале набояд фаромӯш кард, ки озодии комили зани тоҷик ва пазирируфта шудани ӯ ҳамчун қишри комилҳуқуқи ҷомеа дар замони ҳокимияти шӯравӣ бо роҳи маърифатнок намудан сурат гирифт ва дар ин раванд нақши кормандони соҳаи маорифу фарҳанг, бахусус аввалин муаллимаҳо хеле калон аст. Яке аз чунин шахсон ходими намоёни давлатӣ, аввалин муаллимаи маълумоти олидор аз ҳисоби тоҷикон Тоҳирова Баҳринисо  мебошад.

Баҳринисо Тоҳирова 27-уми декабри соли 1907 дар деҳаи Ашти ноҳияи Ашт дар оилаи коргари оддӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Новобаста ба шароити мураккаби оилавӣ солҳои 1916-1917 дар мактаби занонаи Ашт таҳсил намуда, соли 1923 Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Тошкандро хатм намуда, шуруъ аз ҳамон сол ба саводомӯзии кӯдакон машғул мегардад. Моҳи майи соли 1923 дар назди КМҲ Туркистон сексияи комсомол ва коммунисти Тоҷикистон ташкил шуд. Ба ҳайати сексияи тоҷикӣ, дар баробари арбобони давлативу фарҳангӣ чун Абулқосим Лоҳутӣ, Нисор Муҳаммадов, Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомов Баҳринисо Тоҳирова низ шомил гардида буд.

Вазифаи асоси сексия аз масъалаҳои зерин иборат буд:

— ба халқ сиёсати миллии ҳукумати шӯравиро дуруст расонидан;

— тайёр кардани кадрҳои зиёии миллӣ;

— ба забони тоҷикӣ нашри рӯзномаю маҷаллаҳо;

— ба таҳсил фаро гирифтан занону духтарон ва ғайра.

Соли 1924  Баҳринисо Тоҳирова  ба сифати омӯзгор ба   Дорулмуаллимини тоҷик, ки дар шаҳри Тошканд қарор дошт, ба кор омад. Дар он солҳо шумораи занон-омӯзгорон аз ҳисоби тоҷикон қариб вуҷуд надоштанд ва Дорулмуаллимин нахустин донишкадае буд, ки дар ихтиёри ҶМШС Тоҷикистон қарор дошт ва асосан аз ҳисоби тоҷикон кадрҳои омӯзгорӣ тайёр мекард.

Бешубҳа ӯро аввалин муаллимаи тоҷик дар ин донишкадаи тоҷикон шуморидан мумкин аст. Баҳринисои ҷавон тамоми қувва ва неруи худро баҳри ҷалби ҷавонону духтарон ба таҳсил ва тайёр намудани омӯзгорони касбӣ аз ҳисоби тоҷикон равона намуд. Дар ин самт пайваста дар матбуоти даврӣ мақолаҳо нашр намуда, дар маҷлису ҷамъомадҳо суханрониҳо мекард. Шахсиятҳои маъруф, ба мисли  Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Баҳодур Искандаров, Мирсаид Миршакар, Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, Шарифҷон Ҳусейнзода ва дигарон аз зумраи шогирдони аввалини ӯ буданд.

Баҳринисо Тоҳирова баъди такмили ихтисоси соли 1927 дар Донишгоҳи давлати Осиёи Миёна дар шаҳри Тошканд таҳсили худро давом дод. Баъди хатми донишгоҳ фаъолияти минбаъдаи омӯзгории худро дар Техникуми омӯзгории шаҳри Тошканд дар факултети коргарӣ идома дод.

Раванди маърифатнок намудани занону духтарон дар ин солҳо асосан бо ду роҳ сурат мегириф: ҷалби онҳо ба мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва таҳсил дар мактабҳои «маҳви бесаводӣ».

Дар ин солҳо ташкилу тарғиби маорифи дунявӣ-шӯравӣ кори саҳлу осон набуда, ҷасорату мардонагӣ ва иродаи қавиро тақозо мекард, зеро ҷомеа дар зери таъсири дин ва хурофот қарор дошт. Рӯҳониёну иртиҷопарастон барои таҳсили занону духтарон монеаҳо эҷод мекарданд ва ҳатто қасди ҷони кормандони маорифро мекарданд. Мисоли равшан, қатли се муаллимаи аввалини тоҷик Оламбибӣ, Сайрамбибӣ, Маълумбибӣ ва Каримҷон Ҳусейнзода шуда метавонанд.

Новобаста аз мушкилоти мавҷуда Баҳринисо Тоҳирова ба шаҳру ноҳияҳои тоҷикнишини ҶШС Ӯзбекистон сафар намуда, занону духтаронро ба мактаб ҷалб менамуд. Бисёри занон бо майлу хоҳиши донишандӯзӣ ба корҳои маориф ҷалб мешуданд.

Чунончи, рӯзномаи “Овози тоҷик” соли 1928 хабар дода буд: “… дар шаҳри Тошкент мактаби занона ва курсҳои маҳви бесаводӣ кушода шуд. Ба он тоҷикзан Баҳринисо ном муаллима роҳбарӣ мекунад. Ба туфайли меҳнати пурмаҳсули ӯ шумораи хонандагон — занону духтарон рӯз ба рӯз афзуда истодаанд. Дар айни замон дар мактаби занона 43 духтар ва дар курсҳои «маҳви бесаводӣ» 23 нафар таҳсил мекунанд”.

Ин зани шуҷову оқила дар байни занони тоҷики Ӯзбекистон корҳои зиёди тарғиботиву тарбиявӣ мебурд. Ӯ аз ҳисоби занони тоҷик  «Ҷамъияти занони Тоҷикистон»-ро дар назди Комитети иҷроияи марказии Ӯзбекистон ташкил намуд. Ин ҷамъият дар масъалаи ҷалби занон ба таҳсил ва истеҳсолот, фаҳмонидани моҳияти сиёсати маорифи шӯравӣ ва даст кашидан аз одату анъанаҳои кӯҳна корҳои зиёди тарғиботиву ташвиқотиро анҷом дод.

Кори дигаре, ки «Ҷамъияти занони Тоҷикистон» фаъолияташро ба он равона сохта буд, ин маъракаи «фаранҷипартоӣ» буд. Ин падида ҳамчун нишона аз сохти кӯҳна ва беҳуқуқии занон дониста мешуд. Бо ташвиқу тарғиби Баҳринисо Тоҳирова Зиёда Фахриддинова, Бибируқия Азимова ва чандин занҳои дигар дар наздикии бинои Дорулмуаллимини тоҷикон дар шаҳри Тошканд намоиши фаранҷипартоӣ барпо намуданд. Чанде аз он занону духтарони бефаранҷӣ, ки ба назди донишкада омада буданд, аз дасти рӯҳониёни иртиҷопараст ба қатл расонида шуданд.

Бешубҳа инро метавон як навъ муборизаи зани тоҷик баҳри истиқлоли худ донист. Ба фишору таъқиби кӯҳнапарастон нигоҳ накарда, «Ҷамъияти занони Тоҷикистон» дар муташаккилона гузаронидани фаранҷипартоӣ гомҳои устувор мегузошт. Ин маърака характери оммавиро гирифта, дар тамоми шаҳрҳои Осиёи Миёна номи «Ҳуҷум»-ро гирифт.

Дар шаҳри Тошканд комиссияи махсус оид ба фаранҷипартоӣ ташкил ёфт, ки кори ин маъракаро боз ҳам ҷоннок намуд.  «Ҷамъияти занони Тоҷикистон» танҳо дар соли  1928 дар шаҳри Тошканд 12 маҷлиси занонро гузаронид. Чунончӣ Баҳринисо  Тоҳирова ёдоварӣ аз он рӯзҳо намуда, қайд мекунад: “Дар шаҳри Тошкент ба муқобили одамони зишту манфур, кӯҳнапарастон, бойҳо, ки сохти ҷамъияти шӯравиро чашми дидан надоштан, мубориза намудам. Чанд тан занону духтарони шаҳро аз  чордевори хурофот озод кардам, барои соҳиби касбу кор ва илму маърифат шудани онҳо талошҳо намудам”. 

Баҳринисо Тоҳирова соли 1933 бо даъвати нозири маорифи ҶШС Тоҷикистон Саид Носиров ба Сталинобод (Душанбе) омад. Дар Тоҷикистон аз корманди қатории нозироти маориф кори худро оғоз намуд. Донишу таҷриба ва маҳорати ӯро ба инобат гирифта, баъди як соли кор дар нозирот ба вазифаи ҷонишини нозири маориф (аз 6-уми июн то 12-уми октябри соли 1934) интихоб намуданд. Баҳринисо Тоҳирова солҳои 1934-1939 дар вазифаи директори Омӯзишгоҳи занонаи шаҳри Сталинобод ва солҳои 1939-1942 бошад, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Сталинободро буд.

Солҳои директори омӯзишгоҳи занона буданаш Баҳринисо Тоҳирова духтарони зиёдеро аз Кӯлобу Қурғонтеппа, Ҳисору Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон ба таҳсил ҷалб намуда, дар омода намудани омӯзгорзанон саҳми сазовор гузоштааст.

Солҳои мудири шуъбаи маорифи Сталинобод будани Тоҳирова Баҳринисо ба душвориҳои солҳои ҷанг нигоҳ накарда, дар самти маорифи халқ дастовардҳои назаррас ба даст омаданд. Барои мисол шумораи интернатҳо аз 9 адади соли 1940 ба 21 адад дар соли 1942, шумораи хонандагон аз 78 то ба 128 нафар расонида шуд, ки дар онҳо ятимон, фарзандони бепарастор ва камбағалон таълим мегирифтанд. Шумораи хонандагон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 3157 нафари соли 1940 ба 6726 нафар дар соли 1942 расонида шуд.

Дар солҳои минбаъда Тоҳирова Б. дар вазифаи сардори Раёсати ҷумҳуриявии захираҳои меҳнатии совети вазирони ҶШС Тоҷикистон (1942-1950), ҷонишини раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе (1950-1958), мудири шуъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе (1958-1962) кор кардааст.

Саҳми Баҳринисо Тоҳирова дар ташкилу мустаҳкам кардани низоми маориф: кушодани омӯзишгоҳҳо, аз дигар ҷумҳуриҳо даъват кардани омӯзгорон, омода сохтани нахустин китобҳои дарсӣ бо забони тоҷикӣ, дар тайёр намудани муаллимони соҳибихтисос, инчунин дар тараққиёту ободонии шаҳри Душанбе хеле калон аст. Як қатор занони шинохтаи ҷумҳурӣ, ба мисли Низорамоҳ Зарипова, Лутфия Зоҳидова, Тоҷинисо Азизова ва дигарон аз зумраи шогирдони ӯ мебошанд, ки дар ободии кишвар нақши бориз гузоштаанд. Солҳои 1947-1959 Баҳринисо Тоҳирова депутати Совети Шӯрои Оли ҶШС Тоҷикистон буд. Муаллифи беш аз 80 мақолаву гузоришҳои илмӣ мебошад.

Беҳуда нест, ки мамлакат хизматҳои шоёни дар солҳои зиёд кардаи Баҳринисо Тоҳироваро ба назар гирифта, ӯ бо мукофотҳои олӣ, аз ҷумла бо орденҳои «Байрақи Сурхи Меҳнат», «Барои меҳнати шуҷоатнок», «Муаллимаи хизматнишондодаи Тоҷикистон» ва медалҳои «Барои меҳнати диловарона дар солҳои ҶБВ (1941-1945)», бо ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва чандин раҳматномаву ифтихорномаҳо қадр шудаааст.

Ҳамин тавр, дар солҳои аввали ташкили низоми маориф ва маданияти шӯравии тоҷик Баҳринисо Тоҳирова дар соҳаи маориф софдилона фаъолият намуда, нақши босазои худро дар рушди маданияти саветии тоҷик, ташкил ва рушди маорифи ҷумҳурӣ, ба таҳсил фаро гирифтани занон ва ҷалби онҳо ба истеҳсолот, дар маҷмуъ озодии комили занон гузошт. Хизматҳои Баҳринисо Тоҳирова дар ташаккул ва пешрафти ҷумҳурии миллии шӯравии Тоҷикистон, бавижа эъмори фарҳангу маорифи нави тоҷик ҳамеша дар саҳифаи таърихи миллат чун нишонаи садоқат ва ҷасорат боқӣ хоҳад монд.

Бахтовар ТЕМИРЗОДА,

муаррих, ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносии ДДТТ ба номи А. Сино

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *