Ёздаҳ рӯзе, ки Шарқро ларзонд…

Давлате, ки бо номҳои расмии “Ҷумҳурии Арабии Сурия”, ё “Ҷумҳурии Сурияи Араб” дар харитаи сиёсии олам мавқеъ дошт, давоми 11 рӯз аз байн рафт. Ин рақам беихтиёр рақами 10-ро ба ёди банда меорад аз унвони китоби машҳури адиби амрикоӣ Ҷон Рид роҷеъ ба рӯзҳои аввали инқилоби октябрии соли 1917 дар Русия — “Даҳ рӯзе, ки дунёро ларзонд”.

Дар ин китоб, ки ба қавли доҳии пролетарҳои олам Ленин, “ҳақиқати воқеоти инқилоб зиндаву воқеӣ бозтоб ёфтаанд”, нависанда ҳар чизеро, ки бо чашмони хеш дидаву бо мағзи худ дарк кардааст, айнан овардааст.

Аммо дар бораи ёздаҳ рӯзи инқилоби Сурия, ки имрӯзҳо на фақат сиёсатшиносон, балки бештар хабарнигорон ҳарф мезананд ва сенарияҳои гуногуни рушди ҳаводиси Ховари Наздикро пешгӯйӣ мекунанд, то кунун ба ҷуз мақолоти алоҳида чизе нашр нашудааст. Шояд баъди як-ду сол мисли Ҷон Рид адибе пайдо шавад, ки сабабу авомил ва неку бади таназзули кишвари Сурияро китоб кунад, шояд…

Аммо ҳолиё, ончунон ки аз оҷонсиҳои хабарӣ ва сарчашмаҳои бешумори иттилооти ҷаҳонӣ мехонем, вазъият он қадар пурпечутоб аст, ки касе наметавонад ҷараёни ҳадди ақал як моҳ баъди ин инқилобро пешгӯйӣ кунад.

Ҳамин тавр, ҳукумати 24-солаи Башор Асад дар ёздаҳ рӯз пош хӯрд ва он абарқудратҳое, ки тӯли 9 сол аз ин ҳукумат дастгирӣ мекарданд, яъне Русияву Эрон, натавонистанд онро аз ҳуҷуми гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифин (дар аксар кишварҳо ин гурӯҳҳоро, ба шумули “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”, “Ал-қоида” ва ғайра террористӣ эътироф мекунанд) наҷот диҳанд…

Аҷиб, ки дар расонаҳои русӣ ва бисёре аз кишварҳои ғарбӣ ҳамон гурӯҳҳоеро, ки аз Идлиб бархоста то ба Димишқ бидуни мухолифат расиданд, дар аввалҳо гурӯҳҳои террористӣ мехонданд, баъдан расман “гурӯҳҳои мухолифини мусаллаҳ” меномидагӣ шуданд…

Хуб, ҳоло дигар аҳамият надорад, ки онҳоро чӣ меноманд, он чиз аҳамият дорад, ки ҳамин гурӯҳҳо бо сарварии ал-Ҷулонӣ сари ҳокимият омадаанд ва ояндаи Сурия аз чӣ гуна барнома сохтани онҳо барои эҳёи Сурия ҳамчун давлати мустақил вобаста аст. Аксар сиёсатшиносону таҳлилгарон бар ин ақидаанд, ки Сурия дигар давлати воҳид нахоҳад шуд, балки миёни се кишвари манфиатдори минтақа — Исроилу ИМА ва Туркия тақсим мешавад.

Исроил баробари оғози таҳаввулот дар Сурия артиши худро аз баландии Ҷулон ба дарунтари кишвар ворид кард ва тамоми лавозимоти ҷангии артиши Сурияро ба хок яксон кард. Алакай мардуми друз (ё дуруз), ки дар ҷанубу ғарби ин кишвар, дар баландиҳои Ҷулони мутааллиқ ба Сурия (як қисматаш дар Исроил) зиндагӣ мекунанд, аз кишвари Исроил хоҳиш кардаанд, ки онҳоро зери ҳимоят бигирад ва умуман Исроил ин қаламрави зисташонро ба худаш ҳамроҳ кунад…

Туркия акнун эълом карда, ки лӯлаи гази Қатарро тавассути Сурия ба Туркия мебарад ва аз он ҷо ба Аврупо интиқол хоҳад дод, яъне ҳамон амалеро анҷом додан мехоҳад, ки Русия дар вақташ (соли 2015) комилан зидди он буд. Он замон яке аз ҳадафҳои Русия аз ворид шуданаш ба Сурия (дар баробари мубориза бо ДОИШ) пешгирӣ аз ҳамин пружаи интиқоли гази Қатар ба Аврупо буд… Акнун, ки русҳо бо Аврупо дар масъалаи газ муомилаи иқтисодӣ надоранд, Туркия (агар ин пружа амалӣ шавад) ба бузургтарин содиркунандаи газ барои кишварҳои Аврупо табдил хоҳад ёфт.

Ягона мушкили туркҳо дар Сурия курдҳоянд, ки дар минтақаҳои пурнафт ҷойгир шудаанд ва таърих барои онҳо имрӯзҳо имкони таъсиси давлати мустақилро додааст. Аз ин шонси таърихӣ курдҳо истифода мекунанд ё на, аз муносиботи Амрикову Туркия вобастагӣ дорад… Ҳамин қадар маълум аст, ки ҳоло курдҳо зери ҳимояи амрикоиҳо ҳастанд ва ин ҳимоя то кай идома меёбад, вақт нишон хоҳад дод.

Ба андешаи банда, омили асосие, ки ҳукумати Башор Асадро дар як муддати кутоҳ фурӯ пошид, аз имкониятҳои фаровони давлатсозӣ истифода накарданаш буд. Баъди саркӯб шудани ДОИШ ва гурӯҳҳои дигари терорристии ба он ҳамроҳ давоми 9 сол оромӣ фаро расида буд ва Асад имкон дошт, ки барномаи фарогири муттаҳид кардани халқҳои гуногуни сокини ин кишвар, яъне барномаи мусолиҳаи миллии сунниҳову шиаҳо, друзҳову курдҳову фаластиниҳо ва ғайраҳоро амалӣ кунад…

Имкон дошт, ки давлате дар шакли федератсия бунёд кунад, ё ҳадди ақал мисли Шветсария дар шакли конфедератсия. Метавонист ислоҳоти фарогири соҳаи маорифу фарҳанг, артиш ва дигар сохторҳои низомиро анҷом диҳад, аммо накард. Метавонист тавассути бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ мардумро ба худ моил кунад ва аз пайи ҳифзи иҷтимоии мардум шавад, аммо системаи худкомаро афзалтар донист.

Натиҷаи ин ҳукмронӣ чунин шуд, ки мардум ба ҳоли худаш буду ҳукумат ба ҳоли худаш… Ҳамагуна эътирозҳо саркӯб мешуд, дар маҳбасҳо дигар ҷойи сӯзанзанӣ намонд…

Кор ба дараҷае расид, ки аз як ҷониб Эрон ин кишварро ба пуррагӣ тобеи худ медонист, аз сӯйи дигар русҳо ба атрофу акнофи пойгоҳҳои низомии худ (дар Хмеймим ва Тартус) ихтиёри назорат доштанд, туркҳо аз пайи курдҳо буданд… Яъне мисли мақоли “шаҳри бе дарвоза”…

Аслан, Сурия муддати 13 соли ошӯбу нифоқу муборизаву набардҳо танҳо дар Димишқу атрофи он истиқлоли нисбӣ дошту халос, дигар музофот миёни абарқудратҳои минтақаӣ — Эрону Русияву Туркия (ва ИМА дар шимолу шарқ, яъне дар заминҳои зери контроли курдҳо) тақсим шуда буданд…

Ба андешаи банда, Сурия имрӯзҳо дар пешорӯйи се воқеият қарор дорад: аввалан, кишвари муттаҳид, агар гурӯҳи фармонравои кунунӣ — Ҳайат Таҳрир аш-Шом бихоҳад, ки ҳукуматро якҷо бо неруҳои дигари сиёсӣ таъсис бидиҳад; дувум, хатари яккаҳокимиятӣ, агар ҲТШ зимоми ҳукуматро танҳо дар дасти худ нигаҳ дорад ва ба саркӯби гурӯҳҳои дигари сиёсӣ оғоз кунад. Бояд гуфт, ки ин гурӯҳ чунин таҷриба дар шаҳри Идлиб дошт (ки чор миллион аҳолӣ дорад), ҳам сохтори шаҳрвандӣ амал мекард ва ҳам шӯрои динӣ.

Ва ниҳоят, воқеияти севум — ҷанги шаҳрвандӣ… Таҷрибаи Либия баъди Қазофӣ, Ироқ баъди Саддом Ҳусейн гувоҳ аст, ки баъди чунин табаддулот холигоҳе пайдо мешавад, ки онро гурӯҳҳои сершумори байни ҳам мухолиф пур мекунанд ва аслан идеяи сохтани давлати ягона аз миён меравад…

Барои Иттиҳоди Аврупо ва ИМА имконияти таъсир расонидан ба ҳукумати нав барои анҷом додани ислоҳоти демократӣ фароҳам омадааст: онҳо бар ивази бекор кардани таҳримҳо ва кумаки бузурги молӣ метавонанд талаб кунанд, ки дар асоси конститутсияи нав як ҳукумати ҳамашумул (инклюзив) таъсис дода шавад. Дар сурати баръакс, вазъи Афғонистон метавонад дар ин кишвар такрор шавад…

Чаҳор омили муҳим метавонад Сурияро ба кишвари мустақил табдил диҳад: аввалан, хеле наздик шудан ба мардум ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавассути тарҳҳо ва барномаҳои гуногун (албатта, бо мадади Аврупову Амрико ва созмонҳои молии байналмилалӣ).

Дувум, бартараф кардани тамоми монеаҳое, ки ҳамзистии осоиштаи халқҳои гуногунэътиқоди кишварро (сунниву шиаҳо, алавиҳо, масеҳиҳо ва ғайраҳоро) таъмин мекунанд (эълони он ки тамоми мазҳабҳо ва фирқаҳои динӣ назди қонун баробаранд)… Ва севум, таъсиси артиши миллӣ ва таъмини хеле хуби он ҳам бо маош ва ҳам бо аслиҳаву лавозимоти ҳарбӣ…

Ва ниҳоят, чаҳорум, ба ҳеч ваҷҳ роҳ надодан ба сохтани пойгоҳҳои ҳарбии кишварҳои хориҷӣ…

Аз ин сенарияҳо ва роҳҳалҳо кадоме интихоб мешавад, вақт нишон хоҳад дод…

Ҳафиз РАҲМОН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *